Дар Тоҷикистон эҳтимол нархи оби полезӣ гарон шавад

© Sputnik / Александр Гращенков / Гузариш ба медиабонкСтроительство ирригационного канала. Архивное фото
Строительство ирригационного канала. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.02.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Агентии беҳдошти замин ва обёрии кишвар мехоҳад, қарзи аз кишоварзон ҷамъшударо ҷуброн кунад
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон нархи оби полезӣ эҳтимол боло бурда шавад. Дар ин бора директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии кишвар Холмурод Раҳмон зимни нишасти хабарияш иттилоъ додааст.
Вай қайд кард, ки чунин тадбирҳо ба ниҳоди зертобеаш дар бозгардонии қарзҳояш, ки аз 14 миллион доллар бештар шудааст, кӯмак мерасонанд.
"Тарифҳои обрасонӣ дар Тоҷикистон хеле паст аст, хароҷоти моро намепӯшонад", - таъкид кард Холмурод Раҳмон.
Аммо болоравии қимати об метавонад ба кишоварзон зарба занад.
Самараноктарин роҳи ҳалли ин масъала дотатсияи давлатӣ хоҳад буд, мегӯяд мудири агентӣ.
Ба гуфтаи ӯ, дар назди ин ниҳод деҳқонон аз қарздорони асосӣ мебошанд. Аксари хонаводаҳо наметавонанд пули обро пардохт кунанд, зеро пули хидматрасонӣ қисми зиёди хароҷоти маҳсулоти онҳоро ташкил медиҳад.
Ҳоло дар Тоҷикистон зиёда аз 400 пойгоҳи обкашӣ ва қариб 70 чоҳ аст, ки барои кашидани ҳар як метри мукааб об 0,262 киловатт-соат қувваи барқ сарф мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ҳар як зироат тарифи инфиродӣ дорад, ки ба истеъмоли об мувофиқ аст.
Лентаи хабарҳо
0