Афви беш аз 120 ҳазор муҳоҷири тоҷик ва шарҳи вазир дар ин хусус

© Sputnik / Амир ИсаевМинистр труда, миграции и занятости населения Таджикистана Ширин Амонзода
Министр труда, миграции и занятости населения Таджикистана Ширин Амонзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.02.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки кадом гурӯҳи афроди мамнуъулвуруд ба Русияро афв шомил нашудааст
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон гуфт, соли гузашта беш аз 120,5 ҳазор муҳоҷири тоҷики мамнуъулвуруд ба Русия афв гардида, вурудашон ба ин кишвар иҷозат дода шуд.
Амонзода зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ба афви муҳоҷирон дар пайи ҳамкорӣ ва музокирот бо мақомоти умури дохилии Русия даст ёфтаанд.
Вай тавзеҳ дод, афв нисбати онҳое қабул гардид, ки барои нақзи қоидаҳои будубош аз ҷониби сохторҳои Вазорати корҳои дохилии Русия вурудашон ба ин кишвар мамнуъ эълон шуда буд. Афроде, ки барои қоидавайронкуниҳои маъмурии сабук вориди рӯйхати афроди мамнуъулвуруд гардидаанд.

"Нафароне, ки бо қарорҳои суд манъи вуруд доранд, афв онҳоро шомил намешавад", - таъкид намуд вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.

Ба иттилои вазир, соли гузашта 374 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, 147 ҳазор нафар баргаштаанд. Соли 2020 ҳудуди 129 ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ ба хориҷ сафар карда буданд. Русия ҳамоно қабулкунандаи асосии нерӯи корӣ аз Тоҷикистон мебошад.
Дар баробари ин мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯянд, соли гузашта зиёда аз 150 ҳазор шаҳрванди ҷумҳурӣ дар Русия бо истифода аз имкониятҳои муайяншуда будубош ва фаъолияти худро дар қаламрави ин кишвар қонунӣ кардаанд.
Рабочие на строительной площадке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.02.2022
Муҳоҷиронро дар як минтақаи Русия таҳти назорати махсус мегиранд: сабаб
Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола садҳо ҳазор нафар аз Тоҷикистон барои таъмини рӯзгорашон ба Русия сафар мекунанд. Ҳамчунин даҳҳо ҳазор нафар бо гирифтани шаҳрвандии Русия кору иқомат дар ин кишварро ихтиёр менамоянд.
Лентаи хабарҳо
0