"Темурмалик" дар лаби "Баҳри тоҷик": Раҳмон дар Гулистон макони сайёҳӣ ифтитоҳ кард

© Sputnik / Стас ЭтвешБаза отдыха в Гулистоне, архивное фото
База отдыха в Гулистоне, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.02.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар ҳудуди боғи Темурмалик муҷассамаи "Хотира", ки қаблан бунёд ёфта буд, таъмиру навсозӣ гардид
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Темурмалик ифтитоҳ шуд.
Тибқи гузориши хадамоти матбуотии раисиҷумҳур, пас аз бардоштани парда аз рӯи муҷассамаи Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик барномаи театрикунонидашудаи аҳли фарҳанг пешкаши ҳозирин шудааст.
Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Темурмалик дар масоҳати 3,2 гектар доман паҳн намудааст.
Дар доираи корҳои созандагӣ дар масоҳати 20 ҳазор метри мураббаъ корҳои сабзкорӣ анҷом ёфта, роҳравҳои боғ дар масоҳати 8 ҳазор метри мураббаъ сафолпӯш шудаанд.
Ҳамчунин нишастгоҳҳои наву замонавӣ дар боғ насб гардида, дар он ҷо суҳбаткадаҳо бунёд гардидаанд.
Нурекское водохранилище, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.01.2022
Истироҳати бофароғат: аз вилояти Хатлон чанд сайёҳи хориҷӣ боздид кардааст?
Гуфта мешавад, ки бо умеди сарзабзии диёр Эмомалӣ Раҳмон дар ин боғ дарахтони ҳамешасабзу нодир шинонд.
Дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Темурмалик бо маблағгузории мақомоти Гулистон аттраксионҳои наву замонавӣ насб гардида, воситаҳои дилхушии наврасону кӯдакон, ба монанди автомобилҳои барқӣ дастрас карда шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд рафт
Иттилоъ дода шуд, ки барои сабзу хуррам намудани боғи мазкур бештар аз 300 бех аз дарахтони ороишӣ ва зиёда аз 118 ҳазор дона гулҳои рангоранг шинонида шудаанд.
Ҳамзамон дар ҳудуди боғ дигар иншооти ёрирасон бунёд гардида, корҳои сохтмониро ширкатҳои ватанӣ анҷом додаанд.

Темурмалик кист?

Номи Темурмалик ҳамчун Қаҳрамони халқи тоҷик дар саҳифаи таърих сабт шудааст.
Солҳои 1219-1220, ҳангоми ҳуҷуми муғул ба сарзамини мо Темурмалик бо корнамоиҳои бузургаш барои мудофиаи диёри худ ҷасорату шуҷоат ва ҳисси баланди ватандӯстӣ нишон додааст.
Порчае аз қаҳрамонии Темурмалик дар барномаи театрикунонидашудае, ки пешкаши Раҳмон ва меҳмонон шудааст, нишон дода шуд.
Дар девораи навбунёди шафати муҷассама корномаҳои таърихии Темурмалик наққошӣ гардидаанд.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар Тоҷикистон 96 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ мавҷуд аст, ки аз ин шумора 22-тои он дар вилояти Суғд мебошанд.
Боғи фарҳангӣ-фароғатии Темурмалик дар соҳили "Баҳри тоҷик" соли 1991 таъсис ёфтааст.
Лентаи хабарҳо
0