Таҳдиди то 8 соли зиндон: ВУД гуфт, Маҳмадҷонов блогер нест, модараш дар ҳабс қарор дорад

© Sputnik / Стас ЭтвешДевушка в наручниках, архивное фото
Девушка в наручниках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.02.2022
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон боздошти модари ҷавони тоҷики муқими Аврупоро, ки блогеру мухолифи ҳукумат муаррифӣ мешавад, тавзеҳ доданд
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот таъйид намуд, ки Шоҳида Маҳмадҷонова, модари Шерзод Маҳмадҷонов дар ҳабс қарор дорад. Маҳмадҷонов бо тахаллуси Абдураҳмон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Ҳукумати Тоҷикистон интиқод мекунад.
Ба иттилои ВУД, алайҳи Маҳмадҷоноваи 44-сола, сокини шаҳри Ваҳдат парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
ВУД таъкид намудааст, ки ин шаҳрванд бар асоси моддаи 307, иловаи 3-и Кодекси ҷиноӣ айбдор дониста мешавад. Ин банди кодекс муҷозот барои ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ - ифротгароиро пешбинӣ намудааст.
Назари худи Маҳмадҷонова ва ҷониби ҳимояаш дар бораи ин иттиҳомоти мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон маълум нест.
Хафиззода Шоди Хуршед начальник УБОП - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.02.2022
"Аз Русия баргашт, боздошт шуд" - генерал Ҳафиззода айби Амриддин Аловатшоевро гуфт
Дар ҳамин ҳол ВУД таъкид намудааст, ки фарзанди дастгиршуда - Шерзод Маҳмадҷонов Тулфорович, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз мухолифини ҳукумат муаррифӣ мешавад, дар асл блогер ва ё "оппозитсионер" нест. Манбаъ изҳор доштааст, ки Маҳмадҷонов барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ-террористидошта дар ҷустуҷӯ қарор дорад.
Дар ҳоле ки боздошти ин модар дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои зиёдеро ба бор овардааст, мақомоти тоҷик мегӯянд, барои ташкили вохӯрии дастгиршуда бо пайвандон шароит фароҳам оварда шуда, барои қабул ва таъмини ӯ бо ғизо мушкиле ҷой надорад.
ВУД афзуд, гумонбаршуда аз ҳамаи ҳуқуқҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ, аз ҷумла аз ҳуқуқ ба ҳимоя ва изҳори раддия бархурдор мебошад.
Бар асоси банде, ки алайҳи Маҳмадҷонова иттиҳом эълон шудааст, аз 5 то 8 соли зиндон пешбинӣ гардидааст. Ин дар хусуси иштирок дар фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъшудаи экстремистӣ ва ё мусоидат кардан ба фаъолияти онҳо аз тариқи расонаҳо ва интернет аст.
Лентаи хабарҳо
0