Маош дар Тоҷикистон: Вазири тоҷик гуфт, кӣ 11 ҳазору кӣ 633 сомонӣ мегирад

© Sputnik Таджикские сомони
Таджикские сомони - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.02.2022
Обуна шудан
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, охири соли гузашта маоши миёна дар ҷумҳурӣ аз 1500 сомонӣ гузашт
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Маоши миёна дар Тоҷикистон ба ҳолати аввали декабри соли 2021 ҳудуди 1525 сомониро ташкил дод, ки нисбати нишондоди соли 2020 ҳудуди 10,8% ё 148 сомонӣ зиёд мебошад.
Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки музди аз ҳама зиёдро дар ҷумҳурӣ кормандони ташкилоту намояндагиҳои хориҷӣ мегиранд, ки ба ҳисоби миёна 11 ҳазору 333 сомониро ташкил медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, кормандони бахши молиявӣ 4 ҳазору 159 сомонӣ маош доранд.
Кормандони бахшҳои дигари хизматрасониҳо - 3815 сомонӣ, иттилоот ва алоқа - 3126 сомонӣ, ихроҷи канданиҳои фоиданок - 2786, таъмини нерӯи барқ, газ ва буғ - 2713 сомонӣ маош доранд.
Таджикские сомони в кошельке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.01.2022
Шарҳи фармони Раҳмон дар бораи зиёд кардани маош, нафақа ва стипендия
Вазорат афзуд, сохтмончиён дар кишвар ба ҳисоби миёна 2449 сомонӣ мегиранд. Дар бахши саноати коркард маоши миёна ба 1960 сомонӣ, нақлиёт - 1849 сомонӣ, соҳаи санъат - 1389 сомонӣ, мақомоти давлатӣ, мудофиа ва суғуртаи иҷтимоӣ - 1287 сомонӣ, маориф - 1244 ва соҳаи тандурустӣ ба 1025 сомонӣ баробар аст.
Маоши пасттаринро дар Тоҷикистон кишоварзон мегиранд, ки ба ҳисоби миёна муодили 633 сомонист.
Аз рӯи таносуби минтақаҳо музди миёнаи меҳнат дар Душанбе - 2254 сомонӣ, ВМКБ - 1434 сомонӣ, Суғд - 1396, навоҳии тобеи ҷумҳурӣ - 1259 сомонӣ ва Хатлон - 1146 сомониро ташкил медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0