Собирӣ: Ҳеҷ кишваре ба андозаи Эрон ба Тоҷикистон дилбастагӣ ва иртиботи наздик надорад

© Sputnik Муҳаммадтакии Собири, посол Ирана в Таджикистане
Муҳаммадтакии Собири, посол Ирана в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.02.2022
Обуна шудан
Сафири Эрон зимни суханрониаш дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гуфт, дар сиёсати хориҷии Эрон Тоҷикистон аз ҷойгоҳи болое бархурдор аст
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон дар ҳамоише, ки бо ҳузури донишмандон, пажуҳишгарон ва донишгоҳиёни тоҷик дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба муносибати сиюмин солгарди барқарории равобити дипломатӣ байни Душанбеву Теҳрон кишвар баргузор шуд, гуфт, ки ду кишвар фазои фарҳангии муштараке доранд, ки ин ҷаҳони фарҳангӣ басо бузургтар аз марзҳои сиёсии кишварҳои мост.
“Қаламраве, ки аз шимоли Чин шуруъ мешавад ва то Аврупо пеш меравад. Падарони мо дар сояи халлоқияту талош, маҷмуае аз дастовардҳои сутурге доштаанд, ки мақбули мардуми соҳибназари ҷаҳон воқеъ шудааст. Фарҳанги муштараки мо тавонистааст марзҳои сиёсиро дарнавардад ва дар қаламрави бисёр густардае коми мардуми ҷаҳонро аз хони неъмати фазилату фарҳанг ширин кунад”, - гуфт сафир.
Ба гуфтаи Муҳаммадтақии Собирӣ, чӣ меросе мо ба ҷаҳони инсонӣ пешкаш кардаем, маҷмуае аз арзишҳои волои инсонӣ, хасоили некӯ, зебоиҳои рӯҳнавоз ва фазоили арзишманд, ки дар тӯли таърих на танҳо дучори костӣ нашудаанд, балки дар ҳамин рӯзгори имрӯз низ мавриди пазириши ҷомеаи инсониянд.
Мухаммадтаки Сабири посол Ирана в РТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.01.2022
Муҳаммадтақии Собирӣ: Эрон ҳамвора аз сулҳу субот дар Тоҷикистон ҳимоят кардааст
Вай афзуд, ҳеҷ кишваре ба андозаи Эрон ба Тоҷикистон дилбастагӣ ва иртиботи наздик надорад ва сабаби он ҳам қаробатҳои нажодӣ, таърихӣ, фарҳангӣ, динӣ ва забонии миллатҳои ду кишвар аст.

“Дар сиёсати хориҷии Эрон Тоҷикистон аз ҷойгоҳи болое бархурдор аст”, - таъкид кард сафири Эрон дар Душанбе.

Вай гуфт, мақомоти аршади Эрон аз равобити ду кишвар ба “равобити хешовандӣ” ёд намудаанд ва ба далели аҳамияти Тоҷикистон буд, ки Сайид Иброҳими Раисӣ, раисҷумҳурии Эрон ин кишварро ба унвони мақсади аввалин сафари хориҷии худ интихоб кард. Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳурии Тоҷикистон аз таъбири “гӯшту нохун” барои тавсифи пайвандҳои Эрону Тоҷикистон истифода кард.
Сафири Эрон бо ишора ба се даҳаи барқарории равобити миёни ду кишвар изҳор дошт: “Имсол, ки сиюмин солгарди барқарории равобити дипломатии байни ду кишварро ҷашн мегирем. Ифтихор дорам, ки эълом намоям, дар тӯли се даҳаи гузашта Эрон саҳми пешгомонае дар кумак ба тақвияти зерсохтҳову тавсеаву шукуфоии Тоҷикистони азиз дошта ва ҳамвора аз пешрафтҳои рӯзафзуни ин кишвар хурсанду муфтахар аст, ки бо эҳдоси садду нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" ва мушорикати фаъоли ширкатҳои бартари эронӣ дар сохти тарҳи бузурги сад, нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" ба истиқлоли энержии Тоҷикистон ва таъмини масрафи дохилии он кумаки муассире намуда, бо эҳдоси нақби "Истиқлол", пайванддиҳандаи шимолу ҷануби Тоҷикистон нақши вижае ифо кардааст”.
Флаги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.01.2022
Баррасии омӯзиши кадрҳои коргарӣ дар дидори мақомоти Тоҷикистону Эрон
Собирӣ дар хусуси нақши Эрон дар ҳамкориҳои ду кишвар гуфт, банодири ҷанубии Эрон, бахусус бандари Чобаҳор метавонад барои транзити коло ба Тоҷикистон бо қимату хадамоти арзон мавриди истифода қарор гирад.
Вай афзуд, ҳамкориҳои илмӣ ва фарҳангии ду кишвар яке аз дурахшонтарин сафаҳоти равобити Тоҷикистон ва Эрон аст, зеро табодули таҷрибиёт миёни донишмандон, муаллимон, донишомӯзон, иҷрои барномаҳои фарҳангӣ ва ҳунарии ду кишвар ва ширкати донишмандону фарҳангиён дар маросими фарҳангӣ аз авлавиятҳои аслии ин равобит аст.
Вай илова кард, ки тайи 30 соли гузашта нухбагон, рӯшанфикрон ва асҳоби илму маърифати Тоҷикистон бо огоҳӣ аз пешинаҳои ғании таърихӣ, тамаддунӣ, фарҳангӣ ва динии муштарак ҳамвора дар пайи таҳкими муносиботи ҳамаҷонибаи ду кишвари дӯсту бародари Эрону Тоҷикистон будаанд.
“Ҳимояти фарзонагони тоҷик яке аз сармояҳои бебадилу бунёнҳои устувори равобити илмӣ ва фарҳангии ду миллат аст”, - таъкид кард сафири Эон дар Тоҷикистон.
Лентаи хабарҳо
0