Ҷоми Рушд-2022. Тоҷикистон – Беларус: навори пурраи рақобат

Обуна шудан
Дар Минск бозиҳои футболи "Ҷоми Рушд-2022" идома доранд.
Пас аз вохӯрӣ бо Молдова наврасони тоҷик бо мизбони мусобиқот – тими Беларус вомехӯранд.
Рақобати нахустини мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-16) мусовӣ анҷом ёфт.
Дар ин сабқат 10 даста ширкат дорад.
Автогол ва дигар лаҳзаҳои ҷолиби бозии тимҳои Тоҷикистону Молдова - видео
Футболбозони Тоҷикистон дар гурӯҳи "А" дар баробари дастаҳои Беларус (U-16), Қирғизистон (U-16), Молдова (U-16) ва "Динамо-Минск" (U-17) бозӣ мекунанд.
Дар гурӯҳи "В" боз 5 дастаи дигар бозӣ мекунанд. Инҳо дастаҳои Беларус (U-17), Ӯзбекистон (U-17), Гурҷистон (U-17), Исроил (U-17) ва тими Минск (U-17) мебошанд.
Дар ду марҳилаи қаблии мусобиқот футболбозони тоҷик сатҳи баландтарини иштирокро нишон доданд.
Дар соли 2020 онҳо танҳо ҷои дуюмро гирифтанд, аммо дар соли 2021 ҳамаро мағлуб карданд ва ҷомро ба кишвар оварданд.
Лентаи хабарҳо
0