Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Хуб нест: вазъи саломатии Жириновский маълум шуд

© Sputnik / Евгений Одиноков / Гузаштан ба хазинаи аксВстреча с депутатами ЛДПР в день годовщины Великой Октябрьской революции
Встреча с депутатами ЛДПР в день годовщины Великой Октябрьской революции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.02.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Расонаҳо гузориш медиҳанд, ки шушҳои Владимир Жириновский бар асари коронавирус осеби ҷиддӣ дидаанд ва вазъи ӯ нигаронкунанда аст
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Сиёсатмадор ва раҳбари ҳизби ЛДР Владимир Жириновскийро ба бемористони марказии Маскав бурданд.
Дар ин бора РИА "Новости" бо такя ба як манбаъ хабар медиҳад.
Расонаҳо менависанд, ки коронавирус ба таври ҷиддӣ ба шушҳои Жириновскийи 75-сола таъсир кардааст. Вазъи саломатии ӯ вазнин буда, 50—75 фоизи шушҳояш гирифтори ин беморӣ шудаанд.
Эҳтимол дорад, ки ин сиёсатмадорро ба дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ пайваст кунанд.
Қаблан раҳбари дафтари матбуотии ин ҳизб Александр Дюпин гуфта буд, ки раҳбари ҲЛДР худро хуб ҳис мекунад ва корашро идома медиҳад.
ВАО: Владимир Жириновский бистарӣ шуд
Аммо дар баробари ин Дюпин мушаххас накард, ки Жириновский дар офис кор мекунад ё дар бемористон.
Ёдовар мешавем, ки қаблан хабар дода шуда буд, ки ин сиёсатмадор ба беморхонаи марказии Маскав интиқол дода шуда, таҳти назорати доимии табибон қарор дорад.
Эҳтимол меравад, ки Жириновский гирифтори омикрон шуда бошад.
Лентаи хабарҳо
0