Оё "Сомон эйр" ва "Тоҷик эйр" муттаҳид мешаванд? Посухи агентӣ

© Sputnik Глава Агентства гражданской авиации Таджикистана Икром Субхонзода
Глава Агентства гражданской авиации Таджикистана Икром Субхонзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.02.2022
Обуна шудан
Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон ба сарусадоҳо дар бораи муттаҳидшавии ширкатҳои миллӣ вокуниш кард
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Оҷонсии авиатсияи граждании Тоҷикистон сару садоҳо дар бораи муттаҳид шудани ду ширкати бузурги ҳавопаймоии ҷумҳуриро шарҳ дод.
Сухан дар бораи иттилое меравад, ки гуфта мешуд, ширкатҳои "Сомон эйр" ва "Тоҷик эйр" дар як ширкати бузург муттаҳид мешаванд.
Дар ин бора раиси Оҷонсии авиатсияи гражданӣ Икром Субҳонзода зимни нишасти хабарӣ изҳори назар кард.
"Овозаҳо дар бораи муттаҳид шудани ду ширкати ҳавопаймоии ватанӣ воқеият надорад ва то ҳол ин масъала мавриди баррасӣ қарор нагирифтааст", - таъкид кард ӯ.
Қаблан Икром Субҳонзода, раиси Оҷонсии авиатсияи граждании Тоҷикистон аз афзоиши равобити ҳавоии миёни Маскав ва Душанбе гузориш дода буд.
Ба гуфтаи ӯ, иртиботи ҳавоии байни ин кишварҳо ба сатҳи қабл аз COVID-19 расидааст.
Субҳонзода зикр кард, ки ҳоло миёни Тоҷикистону Русия ҳафтае 120 парвоз сурат мегирад.
Самолеты в аэропорту, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.02.2022
Мисли пеш аз пандемия Тоҷикистону Русия парвозҳоро пурра аз сар гирифтанд
Тамоюли афзоиши парвозҳои байни ду кишварро дар мисоли фаъолияти ширкатҳои ҳавопаймоии Федератсияи Русия дидан мумкин аст.
Масалан, ширкати русии "Nordwind" байни Перм ва Душанбе парвозҳои мунтазам оғоз хоҳад кард.
Он парвозҳо дар як ҳафта як бор, яъне рӯзи шанбе сурат мегиранд.
Лентаи хабарҳо
0