"Дастгоҳ надорем": Абдуллозода аз вуҷуди омикрон дар Тоҷикистон изҳори бехабарӣ кард

© Foto / Хадамоти матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ТоҷикистонДжамолиддин Абдуллозода министр здравоохранения РТ
Джамолиддин Абдуллозода министр здравоохранения РТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.02.2022
Обуна шудан
Вазири тандурустии Тоҷикистон дар бораи вуҷуди навъи нави коронавирус - омикрон дар кишвар изҳори бехабарӣ кард
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, ки вазорат барои муайян кардани омикрон ба дастгоҳи тиббии “Секвинор” эҳтиёҷ дорад, ки дар нимаи аввали соли 2022 ба кишвар ворид хоҳад шуд.
Вай гуфт, танҳо дар ҳамин сурат метавон беморонеро, ки ба омикрон гирифтор шудаанд, муайн кард.

“Санҷишҳое, ки то имрӯз аз беморон гирифта шуд, дар Вазорати тандурустӣ ҳифз шуда, бо ворид гардидани дастгоҳи нави озмоишӣ барои муайян кардани намудҳои ин беморӣ таҳлилҳо гузаронида мешавад”, - гуфт вазири тандурустӣ дар нишасти матбуотӣ.

Вазири тоҷик афзуд, ки барои муқоиса кардани ду навъ - омикрон ё шакли дигари сабуки коронавирус ба ғайр аз нишонаҳои клиникӣ гузаронидани генетиксозӣ аҳамияти калон дорад.
Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.02.2022
Омикрон охирон нест: вирусшиноси рус аз ояндаи коронавирус гуфт
“Аз сабаби он ки ин беморӣ барои табибони тамоми дунё бемории нав буд, дар Тоҷикистон зарурати дастрас кардани дастгоҳи генетиксозӣ пеш омад. Мо инро ба инобат гирифта, аллакай Вазорати тандурустӣ бо дастгирии бевоситаи шарикони рушд дар нимсолаи аввали соли 2022 дастгоҳро ба кишвар ворид мекунад”,- илова кард Ҷамолиддин Абдуллозода.
Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, аз оғози пандемия дар Тоҷикистон шумораи гирифторони ин беморӣ 17 ҳазору 361 нафар ва шумори умумии шифоёфтагон 17 ҳазору 213 нафар ё худ 99,1%-ро ташкил медиҳад. То ин замон теъдоди расмии фавтидагон моҳҳои зиёд бетағйир мондааст, ки 124 нафарро ташкил медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0