Хадамот фазои озодро ягона роҳи арзонсозии билет гуфту агентӣ онро номумкин хонд

© PixabayСамолет на закате, архивное фото
Самолет на закате, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.02.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ҷорӣ кардани фазои озод дар шароити Тоҷикистон ҳоло созгор нест
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон ҷорӣ намудани низоми фазои озод дар бозори ҳавонавардии кишварро номумкин хонд.
Қаблан раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон изҳор дошта буд, барои поин овардани қимати билетҳо як роҳ мавҷуд аст, ки он ҳам ҷорӣ намудани низоми фазои озод аст.
Субҳон Икромзода, директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, аксари давлатҳо ба ширкатҳое, ки вориди қаламравашон мешаванд, бо мақсади ҳимояи ширкатҳои ватанӣ як қатор талабот ва қисман маҳдудиятҳоеро дар ростои фаъолияти онҳо ҷорӣ мекунанд.
Ба гуфтаи номбурда, ҳар як давлти соҳибистиқлол, назири Тоҷикистон бояд ширкати ҳавопаймоии худро ҳамчун рамзи рушди соҳаи авиатсияи граждании кишвар дошта бошад.
Вид гор из иллюминатора в самолете, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2022
Эълони фазои озод: раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ роҳи арзонии билети ҳавопайморо гуфт
“Аз ин хотир ҷорӣ кардани фазои озод комилан номумкин ва нодуруст хоҳад буд, зеро он аҳлили амиқ ва муфассали ҳам иқтисодӣ ва ҳам молиро талаб мекунад. Агар таҳлил ба ин натиҷа расад, ки аз низоми фазои озод ҳам иқтисодиёт ва ҳам ширкатҳои ватании ҳавонавардӣ нафъ хоҳанд дид, ахириҳо бо ширкатҳои бузурги ҷаҳонии ҳавонавардӣ рақобат карда метавонанд, он замон метавонем қазоват кунем, ки фазои озод ҷорӣ шавад ё хайр”, - гуфт Субҳон Икромзода.
Қаблан Абдумаҷид Муъминзод, раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар посух ба ин суол, ки чаро нархи билети ҳавопаймо дар Тоҷикистон гарон асту шаҳрвандон аз тариқи кишварҳои ҳамсоя ба хориҷ парвоз мекунанд, ба гаронии хидматрасониҳои давлатӣ зимни қабули ҳавопаймоҳо ишора кард ва афзуд, далели арзонии билети бархе кишварҳо аз қабули принсипи фазои озод аст.

"Бисёре аз давлатҳо принсипи фазои озодро қабул кардаанд. Қабули ин принсип нархи хидматрасониҳо барои ширкатҳои ҳавоиро то 70-80 дарсад поин мебарад. Айни ҳол Ҳукумати Тоҷикистон ба омӯзиши ин масъала машғул аст ва дар сурати қабули принсипи фазои озод нархҳо поин мераванд”, - гуфт Абдумаҷид Муъминзод.

Нархи билети ҳавопаймоӣ ба Русия дар бозори Тоҷикистон тайи як моҳи ахир ду баробар афзуда, то 7 ҳазор сомонӣ расид.
Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон боло бурдани нархҳо аз сӯи ширкатҳои ҳавонавардиро беасос хонда, талаб кард, ки он поин бурда шавад.
Директор Агентства гражданской авиации Таджикистана Икром Субхонзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.02.2022
Субҳонзода дар бораи гаронии билет: Ширкатҳо дастур гирифтанд, арзоншавӣ дида мешавад
Бар асоси ҳисобҳои агентӣ, нархи чиптаҳои ҳавопаймо миёни Тоҷикистону Русия аз ҳар ду тараф набояд аз 500 доллари амрикоӣ зиёд бошад.
Низоми фазои озод ё озодиҳои ҳаво аз баъзе аз қавоиди авиатсияи кишварӣ иборатанд, ки тибқи Конвенсиюни авиатсияи граждании байналмилалии соли 1944 ё Конвенсияи Чикаго, ба ширкатҳои ҳавонавардии як кишвар иҷозат медиҳанд, озодона ба фазои кишвари дигар ворид шаванд.
Аммо бархе кишварҳо аз ворид шудан ба ин конвенсиюн эҳтироз меварзанд бо ин хавф, ки ширкатҳояшон наметавонанд бо ширкатҳои қавитар рақобат кунанд.
Лентаи хабарҳо
0