Табиб хатари марговари штамми омикрон барои кӯдаконро гуфт

© Sputnik / Виктор ЧерновВрач осматривает ребенка
Врач осматривает ребенка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.02.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Табибон мегӯянд, ки кӯдакони хурдсол метавонанд мушкилие пайдо кунанд, ки ниёзи бистарӣ шудани онҳо дар беморхонаро ба вуҷуд орад
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Ҳангоми гирифтории кӯдакони то 5-сола ба штамми коронавируси омикрон эҳтимол дар онҳо ларинготрахеит инкишоф ёбад.
Дар ин бора табиби кудакон, доктори илмҳои тиб Сергей Токарев ҳушдор додааст.
Ин мушкилӣ марговар аст. Гап дар он аст, ки ларинготрахеит метавонад зуд ба варами ҳалқ табдил ёбад.
Пизишки кӯдакон таъкид кардааст, ки дар ин ҳолат кӯдак бояд фаврӣ дар беморхона бистарӣ шавад, вагарна ӯ мемирад.

"Ларинготрахеити шадид бештар дар писарбачаҳои то 5-сола инкишоф меёбад ва мумкин аст, боиси тангии ҳалқ ё гулӯ шавад", - ҳушдор дод табиб.

Ӯ қайд кард, ки қаблан дар кӯдакони хурдсол ин мушкилӣ аксари вақт бо зуком инкишоф меёфт.
Агар волидайн пай баранд, ки секунҷаи лаби кудак дар заминаи беморӣ зард ё кабуд, нафаскашии ӯ зуд-зуд шуда, кӯтоҳии нафас ба вуҷуд омадааст, ин маънои онро дорад, ки ӯ ба ёрии таъҷилии тиббӣ ниёз дорад.
Медицинский работник и дети в больнице - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.01.2022
Сироятшинос аз таҳдиди омирон ба кудакони то панҷсола ҳушдор доданд
Қаблан "Роспотребнадзор" гуфта буд, ки дар кӯдакони аз 2 то 5-сола ба далели омикрон нишонаҳои бронхиолит, ки бистарӣ шуданро тақозо мекунад, мушоҳида мешавад.
Омикрон дар чунин кудакони хурдсол мумкин аст, роҳҳои болоии нафаскашӣ ва бронхҳоро осеб расонад. Инчунин, ба гуфтаи табибон, дар ҳар як кӯдаки сеюм дарунравӣ мушоҳида мешавад.
Лентаи хабарҳо
0