Омори нави гирифторӣ ба COVID-19: вазорат намедонад, дар Тоҷикистон омикрон ҳаст ё на

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкУжесточение карантинных мер
Ужесточение карантинных мер  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.02.2022
Обуна шудан
Омори нав нишон медиҳад, ки шумораи гирифторони бемории коронавирус дар ҷумҳурӣ тадриҷан афзоиш меёбад
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон маълумоти наверо дар бораи шумори мубталоён ба COVID-19 дар як рӯзи гузашта мушаххас кард.
Ҳамин тавр, тибқи иттилои расмӣ, дар як рӯзи охир дар кишвар боз 6 нафари дигар гирифтори коронавирус шуд.
Теъдоди афроде, ки аз ин беморӣ шифо ёфтаанд, ба 6 нафар мерасад.
Ҳамин тариқ, аз оғози сабти номи коронавирус дар Тоҷикистон 17 367 нафар ба ин беморӣ гирифтор шудаанд.
Мутаносибан шумораи шифоёфтагон низ афзоиш ёфта, 17218 нафарро ташкил дод.
Вазорати беҳдошт тавзеҳ дод, ки мизони фавт то ҳол дар сатҳи 124 нафар аст.
Джамолиддин Абдуллозода министр здравоохранения РТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.02.2022
"Дастгоҳ надорем": Абдуллозода аз вуҷуди омикрон дар Тоҷикистон изҳори бехабарӣ кард
Коронавирус дар пасманзари пайдоиши штамми омикронии COVID-19 дар ҷаҳон ба Тоҷикистон баргашт.
Аммо дар Тоҷикистон намедонанд, ки ин штамм дар кишвар ҳаст ё на.
Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотияш гуфт, ин ниҳод барои муайян кардани омикрон ба дастгоҳи тиббии “Секвинор” эҳтиёҷ дорад, ки дар нимаи аввали соли 2022 ба кишвар ворид хоҳад шуд.
Вай гуфт, танҳо дар ҳамин сурат метавон беморонеро, ки ба омикрон гирифтор шудаанд, муайн кард.

“Санҷишҳое, ки то имрӯз аз беморон гирифта шуд, дар Вазорати тандурустӣ ҳифз шуда, бо ворид гардидани дастгоҳи нави озмоишӣ барои муайян кардани намудҳои ин беморӣ таҳлил гузаронида мешавад”, - гуфт вазири тандурустӣ дар нишасти матбуотӣ.

Қобили зикр аст, ки ҳоло дар пасманзари афзоиши гирифторшавӣ ба COVID-19 дар Тоҷикистон эмкунӣ фаъолона идома дорад. Тақрибан 80% сокинони кишвар аллакай эм шудаанд, ки тақрибан 4,59 миллион нафарро ташкил медиҳад.
Ваксинзании зидди бемории COVID-19 дар ҷумҳурӣ барои шаҳрвандони аз 18-сола боло ҳатмист. Бо яке аз ин 5 ваксика - "Sputnik V", "AstraZeneca", "CoronaVac", "Moderna" ва "Pfizer" ройгон моякӯбӣ шудан мумкин аст.
Ёдовар мешавем, пас аз ду моҳи хомӯшӣ, рӯзи 21-уми январ Вазорати тандурустии кишвар аз мубталошавии 23 тан ба коронавирус гузориш дода буд.
Лентаи хабарҳо
0