Путин хостори таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои ИДМ шуд: Ин барои мо калидист - видео

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин провел встречу с членами "Деловой России"
Президент РФ В. Путин провел встречу с членами Деловой России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.02.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Русия таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақилро аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии кишвараш хонд
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, дар ҷаласаи Шӯрои амнияти кишвараш муносибот бо кишварҳои узви ИДМ- ро баррасӣ кард. Вай ҳамкорӣ бо ин давлатҳоро дар оғози ҷаласа аз мавзуъҳои калидӣ гуфт.

"Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии мо - муносибот бо кишварҳои ИДМ дар қаламрави собиқ шӯравӣ мебошад. Бори дигар таъкид мекунам, ки ин мавзуъ барои мо калидист", - изҳор дошт Путин.

Раисҷумҳури Русия афзуд, муколамаи хубе бо шарикон аз ИДМ роҳандозӣ шуда, додугирифтаи густурдаи мол сурат гирифта истодааст.
"Бо бисёрашон дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ҳамкорӣ дорем", - зикр намуд ӯ ӯ.
Ба гуфтаи Путин, ҳаводиси охир нишон медиҳанд, ки ин ҳама ҳамкорӣ натиҷаҳои мусбат дода истода, зарурист.
"Мо имрӯз бо шумо дар ин бора суҳбат мекунем, ки чӣ тавр механизмҳоеро, ки тайи солҳои охир дар ин самт ташаккул ёфтаанд, такмил диҳем", - таъкид намуд президенти Русия.
Дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Русия, сарвазир Михаил Мишустин, роҳбарони Шӯрои Федератсия ва Думаи давлатӣ, Валентина Матвиенко ва Вячеслав Володин, ноиби раиси Шӯрои амният Дмитрий Медведев, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент Антон Вайно, котиби Шӯрои амният Николай Патрушев, вазири мудофиа Сергей Шойгу, мудири Хадамоти федералии амният Александр Бортников, сардори Хадамоти истихбороти хориҷӣ Сергей Наришкин ва фиристодаи вижаи президент дар умури ҳифзи табиат, экология ва нақлиёт Сергей Иванов иштирок намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки феълан Тоҷикистон, Русия, Арманистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Белорус ва Ӯзбекистон шомили ИДМ мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0