Ба Тоҷикистон боз 594 ҳазор воя ваксинаи “Модерна” ворид гардид

© REUTERS / Dado RuvicВакцина Pfizer и Moderna
Вакцина Pfizer и Moderna - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.02.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Вазорати тандурустӣ аз воридшавии 594 ҳазор вояи ваксинаи “Модерна”-и истеҳсоли ширкати “Модерна Инк”-и ИМА хабар дод
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар дод, ки ба Тоҷикистон боз 594 ҳазор вояи ваксинаи “Модерна”-и сохти ИМА дар чорчӯбаи фаъолияти механизми КОВАКС ва барномаи тақсимоти одилонаи вояҳои ваксинаҳои зидди COVID-19 ба ворид гардид.
Бино бар иттилои манбаъ, вояи ваксинаи мазкур бо мақсади пешгирии сирояти коронавируси нави COVID-19 ва ба иммунизатсия бар зидди сирояти мазкур фаро гирифтани сокинони мамлакат ворид шудааст.
Вазорати тандурустии кишвар қайд кардааст, нафароне, ки ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус нагирифтаанд, ҳатман ба табибони оилавӣ ва ё ба муассисаҳои тандурустии маҳали зисташон муроҷиат намоянд.
Выездная вакцинация сотрудников отеля River Park в Новосибирске - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.01.2022
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон табибон вояи сеюми ваксина алайҳи COVID мегиранд - видео
Ахиран зимни нишасти матбуотӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфт, то ба имрӯз ба ҷумҳурӣ тавассути механизми байналмилалии COVAX ва кумакҳои башарӣ 11 269 920 вояи ваксинаҳои “АстраЗенека”, “КоронаВак”, “Модерна”, “Спутник V” ва “Файзер” ворид карда шуда аст.
Ҳамзамон вай зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки то имрӯз дар Тоҷикистон, хушбахтона, вояи якумро 85 фоиз, вояи дуюмро 72 фисади аҳолӣ ва вояи сеюмро зиёда аз 80 ҳазор нафар шаҳрвандон гирифтаанд.
“Дар пайи чунин тадбир мо бо боварӣ гуфта метавонем, ки дар оянда эҳтимоли сар задани беморӣ дар ҷумҳурии мо кам мебошад”, - афзуд Ҷамолиддин Абдуллозода.
Дар ҷараён нишаст гуфта шуд, ки вақте шахс гирифтори бемории коронавирус мешавад, ба ӯ ягон доруворӣ лозим нест. Танҳо доруҳои зиддивирусӣ ва доруҳое, ки барои баланд бардоштани иммунитет дар ҷараёни беморӣ агар ягон ориза пайдо шавад, заруранд.
Гуфта шуд, ки аз 23 марти соли 2021 ба ваксинатсия фаро гирифтани аҳолии гурӯҳҳои мақсаднок оғоз гардида, то ҳол идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0