Боздошти мусофири муттаҳам дар ғорати ронандаҳои таксӣ дар Душанбе

© Sputnik / Максим Блинов / Гузаштан ба хазинаи аксАвтомобили такси у дорожного знака
Автомобили такси у дорожного знака - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.02.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ронандаҳо ба милиса аз ҳолатҳои ғорати ошкорояшон аз сӯйи мусофири ҷавоне дар Душанбе шикоят кардаанд
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Ронандаи 30-солаи ширкати "1111-таксӣ" ба идораи милиса дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ муроҷиат карда, арз доштааст, ки мавриди ғорати мусофире қарор гирифтааст.
Ба иттилои ВУД, муроҷиаткунанда арз доштааст, ки ин ҳодиса, 9-уми феврал, тахмин соати 00:30 рух додааст.
"Ронандаи таксӣ аз маҳаллаи 46-уми пойтахт шахси ношиносеро савор карда, то кӯчаи Рӯдакӣ, назди бинои 164 овардааст. Ин шахс бо роҳи ошкоро 1 телефони мобилии арзишаш 1 ҳазору 850-сомонии ронандаро гирифта, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст", - афзуд манбаъ.
Автомобили такси на проспекте Рудаки в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.02.2022
Боздошти ронанда барои оташ задани мошинҳои таксӣ дар Бохтар
Инчунин бо ҳамин мазмун ба идораи милиса дар ноҳияи Фирдавсӣ, ронандаи 27-солаи ширкати "1111-таксӣ", сокини ноҳияи Ёвон муроҷиат кардааст.
Ӯ арз доштааст, ки шоми 2-юми феврали соли равон, тахминан соати 18:30-дақиқа аз маҳаллаи 46-уми пойтахт шахси ношиносеро савор кардааст.

"Мусофир ҳангоми расидан дар назди хобгоҳи "Алкабир" бо роҳи ошкоро як телефони ронанда, арзишаш 4 ҳазору 500-сомониро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст", - хабар дод ВУД.

Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, дар пайи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҷавони 18-сола, сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ин ҷиноёт боздошт гардид. Таҳқиқи ин ҳодисаҳо идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0