Чоршанбе Аловатов овози худро ба маблағи як миллион сомонӣ суғурта кард

© saidmukamilЧоршанбе Аловатов - сарояндаи тоҷик
Чоршанбе Аловатов - сарояндаи тоҷик - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.02.2022
Обуна шудан
Сарояндаи ҷавони тоҷик нахустин овозхон миёни ҳунармандони Тоҷикистон шуд, ки овози худро суғурта кард
ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Ҳунарманди ҷавон ва маъруфи тоҷик, ғолиби озмуни байнламилалии "Central Asia Got Talent - 2019" Чоршанбе Аловатов, ки бо овози марғуладори худ машҳур аст, бо як ширкати суғуртавии ватанӣ шартнома баста, овозашро бима кардааст.
Дар ин бора сароянда дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон хабар дода афзуд, ки ин шартнома рӯзи 11 феврал дар шаҳри Душанбе баста шуд.
Бино ба гуфтаи ин ҳунарманд, маблағи бимаи овоз 1 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамин тавр ширкати бимаг вазифадор мешавад, дар сурати рух додани ягон ҳодисаи нохуш зарари онро барои сароянда ҷуброн кунад.
Қарори суғурта кардани овозашро сароянда бо тавсияи ширкати бима қабул кардааст.

"Ба ман пешниҳод шуд, ки овозамро ба маблағи 1 миллион сомонӣ суғурта кунам ва ман ҳам розӣ шудам. Ҳар як инсон бояд ҳаёти худро суғурта кунад", - гуфт Чоршанбе дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ба гуфтаи ин сароянда, ширкати бима аз ӯ барои бима кардани овоз маблағе наситонидааст ва ин иқдомро туҳфае ба муносибати зодрӯзаш унвон кардааст.
Чоршанбе Аловатов пас аз пирӯзӣ дар озмуни байнламилалии "Central Asia Got Talent-2019" машҳур шуд. Ӯ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, талош мекунад, бо омезиши жанрҳои халқӣ ва муосир санъати тоҷикро дар ҷаҳон муаррифӣ кунад.
Чоршанбе Аловатов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.01.2022
Чоршанбе сурудеро, ки ҳамагон аз ёд медонанд, бо услуби ҷадид сароид - видео
Чоршанбе Аловатов 7 феравли соли 1998 дар шаҳри Хоруғи ВМКБ дар хонаводаи санъаткор ба дунё омадааст. Ҳунарманди ҷавон писари сарояндаи маъруф Ақназар Аловатов мебошад.
Ӯ то синфи панҷум дар мактаби шаҳри Хоруғ таҳсил карда, пас аз кӯчидан ба шаҳри Душанбе дар мактаби рақами 72-и пойтахт то синфи 9-ум таҳсил кардааст.
Пас аз хатми синфи 9 Чоршанбе ҳуҷҷатҳояшро ба Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов супорида, онро дар бахши овозхонӣ хатм мекунад.
То имрӯз Чоршанбе ба Ӯзбекистон, Қирғизистон, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва шаҳрҳои гуногуни Русия сафар кардаасту мехоҳад, боз бештар сайёҳат кунад. Аз ин рӯ ӯ дар бахши сайёҳии Донишгоҳи санъати Тоҷикистон низ таҳсил кардааст.
Лентаи хабарҳо
0