Ҳушдор ба тоҷикистониён аз тармафароӣ ва тавсияҳо ба ронандагон

© Facebook / Филиал "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" в РТСнегопад затруднил движение на трассе Душанбе-Чанок
Снегопад затруднил движение на трассе Душанбе-Чанок - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.02.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Давоми се рӯз дар роҳҳои асосии байни минтақаҳо эҳтимоли фаромадани тарма ва хатари сангрезиш вуҷуд дорад
ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон хатари резиши тарма боқӣ мемонад. Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ ҳушдор медиҳад.
Ҳавошиносон мегӯянд, эҳтимол аст, чунин ҳаводиси аз 12 то 15 феврал, бахусус дар ноҳияҳои кӯҳӣ идома кунад.
Ҳамин тавр наҷотдиҳандагон дар нишебиҳои қаторкӯҳҳои Ҳисор, Туркистон, Зарафшон ва дар баъзе ҷойҳо дар ғарби ВМКБ фаромадани тармаро пешгӯӣ мекунанд.
Ҳамчунин дар роҳҳои Душанбе - Чанок, Душанбе - Лахш, Душанбе - Рашт, Душанбе - Сангвор, Ванч - Хоруғ, Хоруғ - Ишкошим - Мурғоб, Хоруғ - Ҷелондӣ яхбандӣ ва эҳтимоли фаромадани тарма боқӣ мемонад.
Первый снег в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2022
Чанд фоизи пешгӯии ҳавошиносони тоҷик дар соли 2021 дуруст буд?
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании кишвар дар навбати худ аз ронандагон даъват мекунад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд.
Аз ронандагони мошинҳои сабукрав, инчунин мошинҳои боркаш хоҳиш карда мешавад, ки то ҳадди имкон аз ҳаракат дар шоҳроҳҳои калон худдорӣ кунанд.
Ҳангоми ба нақша гирифтани сафар ба онҳо тавсия дода мешавад, ки аз вазъи роҳҳо пурсон шаванд.
Ҳамчунин тавсия мешавад, дар навоҳии кӯҳсор ва ё дар минтақаҳои хавфноки роҳҳо дар зимни ҳаракат фосилаи муқарраршудаи ҳаракати байни мошинҳо ба таври қатъӣ бояд риоя гардад.
Лентаи хабарҳо
0