Муҳоҷири гумонбар дар куштори фурӯшанда дар Истра аз эътирофи гуноҳаш худдорӣ кард

© Sputnik / Евгений Одиноков / Гузариш ба медиабонкПреступник за решеткой
Преступник за решеткой - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.02.2022
Обуна шудан
Яке аз зодагони Тоҷикистон, муттаҳам дар ғорати фурӯшгоҳ дар вилояти Маскав ва марги фурӯшандаи ин мағоза, ки боздошт шуда буд, аз баёноти худ даст кашид
ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Яке аз чаҳор муттаҳам дар ҳамла ба мағозаи "Пятерочка" дар Истраи вилояти Маскав гуфтааст, ба гуноҳи худ иқрор намешавад.
Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо такя ба манбаи худ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар медиҳад.
Ба гуфтаи ин боздоштшуда, ӯ ният дорад, аз болои қарори ҳабсаш шикоят кунад.
Гуфта мешавад, ки Зафар Худойқулов дар оғоз ба гуноҳаш иқрор шуду баъдан аз он даст кашид.
Эълони айб алайҳи тоҷикистониёни муттаҳам дар ғорати мағоза ва марги фурӯшанда
Айбдоршаванда изҳор дошта, ки ба гуноҳаш иқрор намешавад, чун тасодуфан дар ҷойи ҷиноят қарор гирифтааст.
Қаблан додгоҳи Истраи вилояти Маскав чаҳор зодаи Тоҷикистонро боздошт карда буд.
Ҳабибулло Муҳамадиев, Зафар Худойқулов, Назирқул Бобоқулов ва Акбаралӣ Бурҳонов ба ғорати як мағозаи "Пятерочка"-и ноҳияи Истра, ки дар натиҷаи он хазинадори мағоза ба ҳалокат расидааст, муттаҳам мешаванд.
Ужасающие кадры нападения на магазин Пятерочка в Истре и допрос задержанных - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.02.2022
Навори ғоратгарии фаҷеъ ва куштори даҳшатбор дар вилояти Маскав - видео
Ёдовар мешавем, ки шоми 8 феврал афроди ношинос ба як мағоза дар рустои Новопетровск ворид шуда, хазинадорро шадидан латукӯб карданд.
Дар навор дида мешавад, чӣ гуна Людмила Вяткинаи 51-сола то охир муқовимат нишон дода мехост, фирор кунад.
Ҷузъиёти нави ғоратгарӣ ва куштори даҳшатнок дар Истра: мақомот номи муҳоҷиронро гуфтанд
Аммо ҳамлагарон чун диданд, ки зан аз ҷойяш бархост, ӯро бо дастчӯб боз заданд.
Ҷабрдида бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид. Гумонбарон дар ин ғорат, ки дар ҷустуҷӯ қарор доштанд, дар давоми чанд соат дастгир ва ҳувияти онҳо муайян карда шуд.
Ҳамлагарон дар рустои Чесноково дар ҳудуди ноҳияи Истра боздошт шуданд.
Лентаи хабарҳо
0