Нархи оби нӯшокӣ дар Тоҷикистон гарон мешавад ё на? Посухи Усмон Давлатзода

© PixabayВодопроводный кран
Водопроводный кран  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.02.2022
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон соли ҷорӣ тасмими гарон кардани нархи оби нӯшокиро надоранд
ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik.Нархи оби нӯшокӣ соли ҷорӣ дар Тоҷикистон боло намеравад, итминон дод директори генералии КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” Усмон Давлатзода.
Номбурда гуфт, ҳамзамон нархномаи хизматрасонии рафъи партовобҳо, чарогоҳҳо ва полезӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилии коммуналӣ" дар назар нест.
Ба гуфтаи Давлатзода, нархномаи хидматрасонӣ дар асоси фармоиши Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.08.2018 аз 1 октябри соли 2018 дар амал ҷорӣ шуда, то ҳол боқист.
"Ҳоло барои тағйир додани ин нархнома аз ҷониби корхона пешниҳоде нашудааст ва он имсол низ дар назар нест",- таъкид кард раиси КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”.
Давлатзода гуфт, корхонаи зертобеаш давоми соли 2021 ба аҳолӣ ба маблағи 196,5 миллион сомонӣ хидматҳои гуногуни коммуналӣ расонд, ки нисбат ба соли 2020 14 млн 760 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

Ваъдаи таъмини пурраи аҳолӣ бо оби ошомиданӣ то соли 2030

КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” ҳамзамон мегӯяд, дар кишвар барои таъмини сокинон бо оби ошомиданӣ дар соли 2030 барномае дар назар аст.
Ба гуфтаи Тоҷиддин Исмоилов, масъули идораи шабакаи оби Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир 67,1 дарсади сокинони кишвар ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ доранд.
Номбурда гуфт, ҳоло лоиҳаҳои бузург дар самти обрасонӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон ба арзиши 73,7 миллион доллад дар ҳоли иҷро ҳастанд.
Строительство ирригационного канала. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.02.2022
Дар Тоҷикистон эҳтимол нархи оби полезӣ гарон шавад
Ёдовар мешавем, қаблан муовини вазири энергетика ва захираҳои об Ҷамшед Шоимзода низ ба тарҳи ҳукумат барои пурра бо об таъмин кардани аҳолӣ дар ҳашт соли оянда таъкид карда буд.
Муовини вазир афзуд, он ҳалли мушкилии обиеро, ки дар кишвар ба назар мерасад, пешбинӣ мекунад.
Ба гуфтаи Ҷамшед Шоимзода, новобаста аз захираҳои обӣ, як қатор омилҳое ҳастанд, ки ба таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ садди роҳ мешаванд. Релеф ва сармоя аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Марвиди зикр аст, дар гузашта КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” мегуфт, ки барои таъмини пурраи аҳолии Тоҷикистон 30-40 сол ва 2 миллиард доллар зарру аст.
Лентаи хабарҳо
0