Тими ҷавонони Тоҷикистон дастаи Қирғизистонро шикаст дод: натиҷаи рақобат

Матч между юношескими сборными Таджикистана и Кыргызстана
Матч между юношескими сборными Таджикистана и Кыргызстана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.02.2022
Обуна шудан
Бозии чаҳорум дар доираи Ҷоми рушд-2022 пирӯзии деринтизор ба тоҷикон овард
ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Дастаи ҷавонони Тоҷикистон рақибони қирғизистониашро шикаст дод.
Ин бозӣ 12 феврал дар доираи Ҷоми рушд-2022, ки дар Минск ҷараён дорад, баргузор шуд.
Дастаи Тоҷикистон бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Федератсияи футболи ҷумҳурӣ.
Дар ин бозӣ Масрур Ғафуров ва Абубакр Сулаймонов фаъол буданд. Ғафуров ба дарвозаи ҳариф ду тӯб ворид кард.
Ду голи Ғафуров ва як голи Сулаймонов ба тими мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқа пирӯзӣ оварданд.
Яке аз голҳои дарвозабони Тоҷикистон дар натиҷаи зарбаи пеналтӣ ба самар расид.
Петр Сегрт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.02.2022
Хорват дар тими миллии футбол: Тоҷикистон аз мураббии нав чӣ интизор аст
Ҳамин тавр шогирди Зайниддин Раҳимов дар гурӯҳи худ ҷои дуюмро ишғол кард.
Ҳамакнун рӯзи 13-уми феврал ин даста барои ҷои севум дар Ҷоми Рушд-2022 рақобат мекунад.
Рақиби тими Тоҷикистон дар бозӣ барои ҷои сеюм ҳанӯз муайян нашудааст ва интизор меравад, мушаххас шавад.
Автогол ва дигар лаҳзаҳои ҷолиби бозии тимҳои Тоҷикистону Молдова - видео
Ёдовар мешавем, ки дар Ҷоми рушд-2022 10 даста ширкат мекунанд. Футболбозони Тоҷикистон дар гурӯҳи "А" дар баробари дастаҳои Беларус (U-16), Қирғизистон (U-16), Молдова (U-16) ва "Динамо-Минск" (U-17) бозӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0