Лаҳзаҳои ҷолиби сабқати наврасони тоҷику қирғиз - видео

Обуна шудан
НовостиTelegram
Федератсияи футболи Беларус беҳтарин лаҳзаҳои бозии тими мунтахаби наврасони Тоҷикистону Беларусро нашр кардааст
Навори лаҳзаҳои ҷолиб ва 5 гол, ки наврасони тоҷику қирғиз ба дарвозаи ҳамдигар ворид намуданд, дар саҳифаи Федератсияи футболи Беларус нашр шуд.
Ин бозӣ дар доираи Ҷоми рушд-2022, ки дар Минск ҷараён дорад, баргузор шуда, ба фоидаи тими Тоҷикистон анҷом ёфт.
Наврасони тоҷикистонӣ тавонистанд, ҳамсолони қирғизашонро шикаст дода, бо ҳисоби 3:2 пирӯз гарданд.
Дар ин бозӣ Масрур Ғафуров ва Абубакр Сулаймонов фаъол буданд. Ғафуров ба дарвозаи ҳариф ду тӯб ворид кард. Дар маҷмуъ ду голи Ғафуров ва як голи Сулаймонов ба тими мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқа пирӯзӣ оварданд.
Дар пайи ин пирӯзӣ наврасони Тоҷикистон дар гуруҳашон мақоми дуюмро ишғол намуда, ҳаққи мубориза барои медалҳои биринҷии Ҷоми рушд-2022-ро пайдо намуданд.
Наврасони тоҷикистонӣ дар ин мусобиқаи байналмилалӣ таҳти роҳбарии Зайниддин Раҳимов ҳунарнамоӣ мекунанд. Маврид ба зикр аст, ки тими Тоҷикистон соли 2021 қаҳрамони Ҷоми рушд дар Беларус гардида буд.
Лентаи хабарҳо
0