Се баробар зиёд: омори тозаи гирифторӣ ва шифо аз COVID-19 дар Тоҷикистон

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкВыборы президента в Таджикистане
Выборы президента в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.02.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз афзоиши ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус хабар дод
ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Мақомоти тандурустии Тоҷикистон мегӯянд, тайи шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 6 нафар мубтало ба OVID-19 шуданд, ки ин дар муқоиса бо нишондоди рӯзҳои қаблӣ бештар аст. Рӯзе пеш гирифтории ду нафар ба қайд гирифта шуда буд.
Ба иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон, 6 нафари дигар аз ин беморӣ дар шабонарӯзи гузашта шифо ёфтаанд.
Тибқи иттилои расмӣ, аз аввали бақайдгирии коронавирус дар Тоҷикистон то ҳол 17 ҳазору 375 гирифтори COVID-19 сабт шудааст, ки аз ин 17 ҳазору 236 нафар ё 99,2% шифо ёфтаанд. Фавт аз ин беморӣ дар Тоҷикистон тайи моҳҳои охир ба қайд гирифта нашудааст ва ҳолатҳои марг ҳамоно 124 мебошад.
Маълум нест, ки мавҷи нави коронавирус дар Тоҷикистон, ки даҳаи сеюми моҳи январи соли равон ба қайд гирифта шуд, кадом навъ аст.
Передача 20-ти машин скорой помощи медучреждениям Свердловской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.02.2022
Коршинос: дар Русия авҷи гирифторӣ ба коронавирус гузашт
Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон, ахиран гуфт, барои муайян кардани навъи нави коронавирус - омикрон ба дастгоҳи тиббии “Секвинор” эҳтиёҷ доранд, ки дар нимаи аввали соли 2022 ба кишвар ворид хоҳад шуд.
Мақомоти тоҷик роҳи муътамади пешгирӣ аз коронавирусро ваксинагирӣ гуфта, гузориш медиҳанд, ки ҳудуди 80% -и сокинони кишвар аллакай эм шудаанд. Моякубишудаҳо тақрибан 4,59 миллион нафарро ташкил медиҳанд.
Ваксинзании зидди бемории COVID-19 дар ҷумҳурӣ барои шаҳрвандони аз 18-сола боло ҳатмист. Бо яке аз ин 5 ваксика - "Sputnik V", "AstraZeneca", "CoronaVac", "Moderna" ва "Pfizer" ройгон моякӯбӣ шудан мумкин аст.
Ёдовар мешавем, пас аз ду моҳи адами расмии коронавирус дар ҷумҳурӣ, мақомоти тоҷик рӯзи 21-уми январ аз сабти мубталошавии 23 тан ба коронавирус гузориш дода буд.
Лентаи хабарҳо
0