"Барқи тоҷик" ҳаҷми даромад ва фурӯши барқ ба хориҷаро эълон кард

Линии электропередачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.02.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Тоҷикистон аз интиқоли барқ ​​ба кишварҳои ҳамсоя наздик ба 900 миллион сомонӣ даромад ба даст овардааст
ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Тоҷикистон содироти нерӯи барқ ба хориҷи кишварро давоми соли 2021 афзоиш додааст.
Тибқи иттилои ширкати "Барқи тоҷик", дар ин давра дар ҷумҳурӣ беш аз 20,4 миллиард кВт/соат нерӯи барқ ​​истеҳсол шудааст, ки аз ин миқдор беш аз 2,4 миллиард киловатт/соат ба хориҷ содир шудааст.
Ин нишондиҳанда, 12 фисади ҳаҷми умумии истеҳсолро ташкил дода, нисбат ба соли 2020 911,6 миллион кВт/соат зиёд мебошад, афзуданд масъулини ширкати "Барқи тоҷик" зимни нишасти хабарии ин ниҳод.
Ба иттилои манбаъ, дар ин давр ба Афғонистон 1 миллиарду 275,2 миллион кВт/соат ба маблағи 635,9 миллион сомонӣ (56,2 миллион доллар) ва ба Ӯзебакистон 1 миллиарду 146,8 миллион кВт/соатро ба маблағи 258,8 миллион сомонӣ (22,9 миллион доллар) ташкил дод.
Здание энергохолдинга Барки точик, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.02.2022
Маблағ ба андозаи сеяки ММД: "Барқи тоҷик" чӣ қадар қарздор аст?
Холдинги энержӣ қайд мекунад, ки даромад аз содироти нерӯи барқ ​​дар ин давра 404,6 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2020 232,6 миллион сомонӣ камтар аст.
Сабаби асосии коҳиши даромади содиротии нерӯи барқ ​​вазъи сиёсӣ дар Афғонистон ва сари вақт пардохт нашудани пули нерӯи содиротӣ гуфта мешавад.
Гуфта мешавад, содирот ба Кобул тавассути ду хатти барқ ​​- 110 кВ ва 220 киловат амалӣ карда мешавад.
Маҳмадумар Асозода раиси нави "Барқи тоҷик" ширкат ахиран гуфта буд, ки қарзи ширкати энержии “Брешно”-и Афғонистон аз Тоҷикистон беш аз 33 миллион долларро ташкил медиҳад.
Асозода гуфт, ҷониби Афғонистон ваъда додааст, ки моҳи феврали соли ҷорӣ қарзи “Барқи тоҷик”-ро пурра пардохт мекунад.
Лентаи хабарҳо
0