Боздошти корманди Кумитаи замин барои заминфурӯшӣ

© Sputnik Конверт с деньгами, архивное фото
Конверт с деньгами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.02.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Як корманди идораи замин барои гирифтани 23 ҳазор сомонӣ боздошт шудааст
ДУШАНБЕ, 14 фев – Sputnik. Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон муовини раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Деваштич Т.М-ро бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, боздошти корманди идораи замин дар пайи муроҷиати шаҳрванд "А" сурат гирифтааст.
Гуфта мешавад, боздоштушда аз ӯ барои ба номи бародараш ҷудо карда додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ 3000 сомонӣ гирифтааст.
Ба иттилои манбаъ, номбурда бо маблағи қаблан гирифтааш қонеъ нагашта, аз шаҳрванд "А" барои ҷудо карда додани қитъаи замин барои сохтмон 20000 сомонии дигар талаб карда, аз ин маблағ 13000 сомониашро пешакӣ гирифта, боқимонда, 7000 сомонии дигарро талаб намудааст.

"Зимни аз ҷониби кормандони агентӣ гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ баъди аз шаҳрванд "А" гирифтани маблағи 7000 сомонӣ охирон дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ёфта гирифта шуд",- афзуд манбаъ.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати М.Т. бо моддаи 247, қисми 3, банди "а", Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шудааст.
Дар сурати тасдиқи ин иттиҳом ба боздоштшудаҳо ҷарима ба андозаи аз 54 то 67 ҳазор сомонӣ ва ё аз панҷ то ҳашт соли зиндон бо мусодираи молу мулк таҳдид мекунад.
Лентаи хабарҳо
0