Саидзода дар бораи тарки касб кардани омӯзгорони тоҷик: Норасоӣ не, ҳаракат гӯед

© котиботи раисиҷумҳури ТоҷикистонШоҳин Саидзода, раиси Агентии назорат дар соҳаи маорифи назди раисиҷумҳури Тоҷикистон
Шоҳин Саидзода, раиси Агентии назорат дар соҳаи маорифи назди раисиҷумҳури Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.02.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Мудири Агентии назорат дар соҳаи маорифи назди президенти Тоҷикистон нишондоди тарки касб кардани омӯзгоронро поин медонад ва омор дар ин хусусро ироа намуд
ДУШАНБЕ, 14 фев - Sputnik. Шоҳин Саидзода, мудири Агентии назорат дар соҳаи маорифи Тоҷикистон мегӯяд, ҳамагӣ 0,7 дарсади омӯзгорон соли гузашта тарки касб намудаанд.
Саидзода зимни нишасти матбуотӣ зикр намуд, ки хабарҳо атрофи ба мардикорӣ рафтани омӯзгорон аз мавзуъҳои пурбаҳси шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад.
Ӯ иттилоъ дод, ки дар макотиби ҷумҳурӣ 160 ҳазор омӯзгор фаъолият мекунанд. Теъдоди онҳое, ки соли гузашта бо сабабҳои гуногун, аз қабили иваз кардани ҷойи кор, баромадан ба нафақ, рафтан ба хидмати ҳарбӣ ва ғайра аз кори омӯзгорӣ рафтаанд, дар маҷмуъ 1124 нафарро ташкил дод.
Саидзода афзуд, дар як сол омӯзгороне, ки тарки касб кардаанд, 0,7 фоизи теъдоди умумиро ташкил додааст, дар ҳоле ки дар Тоҷикистон ҳамасола 16 ҳазор муаллим донишгоҳро хатм ва барои фаъолияти омӯзгорӣ омода мешавад.
Рӯзи Дониш дар шаҳри Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2022
Вазорати маориф гуфт, ки дар куҷои Тоҷикистон камбуди шадиди омӯзгорон вуҷуд дорад
Ба гуфтаи раиси агентӣ, 16 ҳазор кадри нав ин ҳудуди 10 дарсади талаботи умумӣ ба омӯзгорон дар кишвар мебошад.
Дар мавриди он ки чаро вақтҳои охир ин масъала мубрам шудаст, Саидзода гуфт, ки ин мушкил ба пандемия рабт дорад. Ӯ тавзеҳ дод, ки ба далели пандемия бисёре аз омӯзгороне, ки дар Русия ва Қазоқистон кор мекарданд, натавонистанд ба он ҷо сафар кунанд ва дар муассисаҳои Тоҷикистон соатҳои илоавгӣ гирифтанд. Бо ҳалли масъалаи нархи чипта ва лағви маҳдудиятҳо ин кадрҳо ба ҷойҳои корашон баргаштанд. Ӯ афзуд, ки ин равандро ҳаракат меномад.

"Норасоӣ нагӯед, ин ҳаракат аст, омӯзгорон дар ҳаракатанд. Дар Русия кор мекунад, боз меояд ин ҷо", - изҳор дошт раиси агентӣ.

Ин дар ҳолест, ки Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон ахиран зимни нишасти хабарӣ аз коҳиши камбуди омӯзгорон дар кишвар гуфт.
"Нарасидани омӯзгорон дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ дар соли таҳсили ҷорӣ беш аз 2,1 ҳазор нафарро ташкил дод, ки нисбат ба як соли қабл 828 нафар камтар аст", - гуфт вазир.
Ба гуфтаи Имомзода, дар соли таҳсили 2021-2022 дар навоҳии тобеи марказ 765 омӯзгор, вилояти Суғд 708, вилояти Хатлон 440, Душанбе 194 ва ВМКБ 59 омӯзгор намерасад.
Лентаи хабарҳо
0