Маблағ ба андозаи сеяки ММД: "Барқи тоҷик" чӣ қадар қарздор аст?

© Sputnik / Амир ИсаевЗдание энергохолдинга "Барки точик", архивное фото
Здание энергохолдинга Барки точик, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.02.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Холдинги энержӣ аз қарзҳои ҳангуфт аз бонк, нерӯгоҳи барқи обӣ ва дигар ширкатҳои Тоҷикистон гузориш дод
ДУШАНБЕ, 14 фев – Sputnik. Қарзи ширкати "Барқи тоҷик" ба ҳолати аввали соли 2022 ба 32,3 миллиард сомонӣ ё тақрибан 2,9 миллиард доллар расидааст
Дар ин бора намояндагони ширкат дар рафти нишасти матбуотияшон изҳор доштанд.
Ба иттилои масъулин, қарзи ширкат танҳо давоми соли 2021 3,3 миллиард сомонӣ афзудааст.
Қарзи умумии ширкати "Барқи тоҷик" 33 дарсади ММД-и Тоҷикистон барои соли 2021 – ҳудуди 100 миллиард сомонӣ (қариб 8,8 миллиард доллар)-ро ташкил медиҳад.
Ҳамин тавр ширкати мазкур аз ҳама бештар аз Вазорати молияи Тоҷикистон қарздор будааст, ки он ҳудуди 24,1 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Маълум аст, ки ширкат барои татбиқи лоиҳаҳои нерӯи барқ ​​қарз гирифтааст.
Ҳамчунин ин ширкат аз нерӯгоҳҳои "Сангтӯда-1" ва "Сангтӯда-2" 4,3 миллиард, ҶСК "НБО Роғун" 630 миллион, ҶСК "Тоҷиктрансгаз" 362 миллионӣ ва аз ширкатҳои воридкунандаи ангишт ба нерӯгоҳи ҳароратии дар пойтахт мавҷудбуда 215 миллион сомонӣ қарздор аст.
Председатель компании Барки Тоджик Мирзо Исмоилзода  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.01.2022
Эмомалӣ Раҳмон раиси "Барқи тоҷик"-ро барканор кард
Тибқи иттилои ин ниҳод, давоми як соли ахир кишвар ба хориҷ наздик ба 900 миллион сомонӣ барқ фурӯхтааст.
Барқи Тоҷикистонро давоми як сол Афғонистон ба маблағи 635,9 миллион сомонӣ (56,3 доллар) ва Ӯзбекистон 260,2 миллион сомонӣ (23 миллион доллар) харидаанд.
“Барқи тоҷик” мегӯяд, соли 2021 дар кишвар қариб 16 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ ​​тавлид шуд, ки бештари он ба нерӯгоҳи "Норак" рост меояд.
Мавриди зикр аст, ки ахиран раисҷумҳури кишрвар Мирзо Исмоилзодаро аз мақоми раҳбарии ин ширкат барканор ва Маҳаммадумар Асозодаро ба ҷойи ӯ таъйин кард.
Ҳамакнун раҳбарияти нав барои пардохти ин қарз чӣ тасмим дорад ва дар ин амр то куҷо муваффақ мешавад, суолест матраҳ.
Лентаи хабарҳо
0