Қорӣ Фасеҳуддин гуфт, артиши 10-ҳазорнафариро дар шимоли Афғонистон мустақар мекунанд

© AFP 2023 / JAVED TANVEERАфганские талибы
Афганские талибы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.02.2022
Обуна шудан
Толибҳо аз азмашон барои ҷой додани нерӯҳои калони низомӣ дар шимоли Афғонистон хабар доданд, ки гуфта мешавад, барои мубориза бо терроризм муваззаф мешаванд
ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Ҳукуматдорони ҷадиди Афғонистон аз равонасозии нерӯҳои низомӣ дар шимоли кишвар хабар доданд, ки дар наздикии марз бо Ӯзбекистону Тоҷикистон ҷойгиранд.
Қорӣ Фасеҳуддин Фитрат, сардори Ситоди қувваҳои мусаллаҳи толибҳо дар саҳифаи "Twitter"-аш хабар дод, гап сари нерӯҳои 10-ҳазорнафарист, ки бо муосиртарин силоҳи ғарбӣ муҷаҳҳаз мебошанд.
"Нерӯҳои 10-ҳазорнафарии мусаллаҳ бо техникаи муосири НАТО ва ИМА, ки дар шимол ва шимолу шарқи кишвар мустақаранд, алайҳи ҳар амали мусаллаҳона чора меандешанд", - гуфт Қорӣ Фасеҳуддин.
Ба гуфтаи ӯ, нерӯҳои ҳавоӣ низ омодаи дастгирӣ аз ин воҳидҳо мебошанд.
Сардори Ситоди нерӯҳои мусаллаҳи толибҳо аз музофоти мушаххасе ном набурд, аммо аз самтҳое, ки зикр кард, аз ҷумла дар шимол музофоти Балхи ҳамсарҳад бо Ӯзбекистон ва шимолу шарқ - музофотҳои Кундуз, Тахор ва Бадахшони ҳамсарҳад бо Тоҷикистон ҷойгиранд.
Абдулло Абдулло, Ҳомид Карзай ва Абдулғанӣ Бародар  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.02.2022
Хости Карзай ва Абдуллоҳ аз бозгашти дубораи сиёсатмадорони фирорӣ ба Афғонистон
Ин дар ҳолест, ки қаблан сардори Ситоди муштараки СААД, Анатолий Сидоров гуфт, дар наздикии марзҳои шимолии Афғонистон ҳудуди 40 лагери таълимӣ фаъолият дорад, ки 5 ҳазор ҷангҷӯи гурӯҳҳои гуногуни террористиро фаро мегиранд.
Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия низ дар суҳбат бо ҳамтои бритониёияш Бен Уоллес гуфт, теъдоди ҷангиёни "ДИИШ"* дар минтақа ду баробар зиёд шудааст. Шойгу аз он изҳори нигаронӣ кард, ки террористҳо аз силоҳи мондаи нерӯҳои ғарбӣ истифода мекунанд, ки арзишаш ҳудуди 80 миллиард доллар арзёбӣ мешавад.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0