Пешниҳоди тоҷикӣ кардани рутбаҳои низомӣ дар Тоҷикистон қабул нашуд

© Дафтари матбуотии раисҷумҳури ТоҷикистонТақдими мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳо ба низомиёни Тоҷикистон
Тақдими мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳо ба низомиёни Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.02.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар Тоҷикистон пешниҳоди тоҷикӣ кардани рутбаҳои низомӣ қабул нагашт
ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Олимҷон Муҳаммадзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон, ки дар нишасти матбуотии ниҳодаш суҳбат мекард, гуфт, рутбаҳои низомӣ дар шакли ҳозира боқӣ мемонанд.
Ба иттилои манбаъ, пешниҳоди тоҷикӣ кардани рутбаҳои низомӣ аз дигар ҷой пешниҳод шуда буд, аммо нагузашт.
Ӯ гуфт, рӯи ин тарҳ гурӯҳҳои корӣ кор ҳам мекарданд, аммо ин пешниҳодро Кумитаи забон ва истилоҳот накарда буд.

"Мутаассифона, пешниҳод нагузашт. Хулосаи кумита барои дигар кардани рутбаҳои низомӣ чанд сол қабл гирифта шудааст ва бо пайдо шудани шароиту имконот мумкин дигар карда шавад",- гуфт Олимҷон Муҳаммадзода.

Қаблан Раҳим Зулфониён, сардори шуъбаи истилоҳҳои ин ниҳод низ гуфта буд, ки истилоҳоти низомӣ, бахусус рутбаҳо ва воҳидҳою ягонҳои низомӣ ба ҳукумат пешниҳод шудаанд.
Ӯ аз пешниҳоди ин тағйирот ба гурӯҳе гуфт, ки лоиҳаи Қонун дар бораи уҳдадориҳои ҳарбиро таҳия мекунад ва афзуд, ин масъала дар Ҳукумати Тоҷикистон мавриди қарор дорад.
Тавре маълум мешавад, ин аз ҷониби ҳукумати кишвар қабул нагардид.
“Дзюдо”, “дизюдо” ё “ҷудо”? раиси Кумитаи забон гуфт, кадоме дуруст аст
Қаблан гузинаҳои тоҷикии рутбаҳои ҳарбӣ, аз ҷумла ефрейтор – радабон, младший сержант – даставар, сержант – дастаёр, старший сержант – дастабон, старшина – сардаста, прапоршик – силаҳбон пешниҳод шуда буданд.
Дар мавриди ҳайати афсарӣ, ба ҷои лейтенант – таҳамдор, капитан – таҳамтан, майор – саргурд, подполковник – сарҳангёр, полковник – сарҳанг, генерал – солор, генерал-майор – гундсолор, генерал лейтенант – лашкарсолор, генерал полковник – сипаҳсолор ва генерал армия – артишсолор пешниҳод шудааст.
Лентаи хабарҳо
0