Аз алюминий то сементу пахта. Афзоиши рекордии содирот дар Тоҷикистон

© AP / Ted S. WarrenГрузовые контейнеры, архивное фото
Грузовые контейнеры, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.02.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар Тоҷикистон аз афзоиши содироти молу маҳсулот ба хориҷи кишвар хабар доданд
ДУШАНБЕ, 15 фев - Sputnik. Гардиши савдои Тоҷикистон давоми соли 2021 ба 6 миллиарду 350 миллион доллар расидааст, ки 39,5 фисад аз соли 2020 зиёд будааст.
Дар ин бора Шавкат Бобозода, роҳбари Агентии содироти Тоҷикистон зимни нишасти хабарияш иттилоъ дод.
Ба иттилои манбаъ, дар ин давра аз кишвра ба хориҷ ба маблағи 2149,6 миллион доллар молу маҳсулоти ватанӣ содир шудааст, ки нисбат ба як соли қаблияш 52,2 дарсад зиёд мебошад.
Куриные яйца - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.02.2022
Бо розигии президент ва дастури сарвазир: азми Тоҷикистон барои содироти тухми мурғ
Дар ин давра бештар аз ҳама моли содиротии Тоҷикистон саноатӣ буда, маблағи он ба 2 миллиарду 17 миллион доллар расидааст.
Гуфта мешавад, сатҳи афзоиши содирот 686,1 миллион доллар ё 51,5 дарсадро ташкил кардааст.
Агентӣ мегӯяд, 41,7 фисади содироти Тоҷикистонро сангҳои қиматбаҳо ташкил медиҳанд.
Боқии содироти Тоҷикистон алюминий, пахта, семент, сурама ва риштаи пахтагӣ будааст.
Ин ниҳод мегӯяд, содироти маҳсулоти кишоварзӣ 208,9 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки 79 ҳазор тонна ё 60 фисад афзудааст.
Лентаи хабарҳо
0