Чижов: Русия зарбаи ҷавобӣ медиҳад, агар дар куҷое шаҳрвандашро кушанд

© Flickr \ Security & Defence Agenda / Гузариш ба медиабонкВладимир Чижов, архивное фото
Владимир Чижов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.02.2022
Обуна шудан
Намояндаи доимии Русия дар Иттиҳоди Аврупо аз вокуниши кишвар дар сурати қатли шаҳрвандонаш гуфт
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Русия шаҳрвандонашро дар ҳар нуқтаи ҷаҳон ҳимоят мекунад, изҳор дошт Владимир Чижов, намояндаи доимии Маскав дар Иттиҳоди Аврупо дар мусоҳиба бо "The Guardian".

"Набояд ҳайрон шавед, агар мо зарбаи ҷавобӣ диҳем, дар сурате ки шаҳрвандони Русияро густохона кушанд, дар ҳар куҷое набошад, дар Донбасс ё макони дигар", - иқтибос овардааст РИА "Новости" аз мусоҳибаи Чижов.

Дар зимн дипломат таъкид намуд, ки Русия нияти таҷовуз ба қаламрави кишварҳои ҳамсояро надорад, агар таҳрикаш надиҳанд.
Ӯ изҳор дошт, ки феълан теъдоди нерӯҳо дар марз бо Украина баробари шумори низомиён дар размоиши "Ғарб-21" дар моҳи сентябри соли гузашта аст, аммо он замон касе чизе нагуфт.
Ин дар ҳолест, ки вақтҳои охир Ғарб Маскавро дар омодагӣ ба "ҳуҷум" ба Украина айбдор мекунад. Русия ин иддаоро бепоя хонда, изҳор медорад, ки он ҳамчун баҳона барои таҳкими ҳузур дар Аврупои ғарбӣ истифода мешавад. Мақомоти Русия таъкид ба он мекунанд, ки Киев созишномаи Минскро риоя намекунад.
Президент РФ В. Путин провел встречу с членами Деловой России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.02.2022
Путин тавсеаи НАТО ба Шарқро беохир ва хеле хатарнок хонд
Санади мазкур ислоҳоти конститутсионӣ, оташбас ва пас гардондани аслиҳаи вазнин аз хатти баҳамоиро пешбинӣ мекунад. Дар зимн Украина низ қисми зиёди нерӯро дар наздикии ҷумҳуриҳои худхондаи Донетск ва Луганск ҷой додаанд.
Дар таъминоти аслиҳа ба Украина ба арзиши ҳудуди як миллиард доллар ИМА, Бритониёи кабир, Канада, Фаронса, Лаҳистон, Туркия, Литва, Чехия, Булғористон, Руминия ва Эстония саҳм мегузоранд. Инчунин омадани мураббиёни низомии хориҷӣ ба Украина идома ёфта истодааст.
Маскав даъват кардааст, ки минтақаро бо аслиҳи зиёд таъмин накунанд, чун ин Киевро барои амалиёти низомӣ таҳрик медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0