Ҳушдори ҳавошиносон аз тармаю яхбандӣ дар роҳҳои Тоҷикистон: феҳрасти масирҳо

© Sputnik / Павел Львов / Гузариш ба медиабонкТуристы возле лавины, сошедшей на туристическом маршруте
Туристы возле лавины, сошедшей на туристическом маршруте - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.02.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Ҳавошиносони тоҷик гуфтанд, ки дар ду рӯзи оянда дар кадом роҳҳо хатари яхбандию фаромадани тарма зиёд аст
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон хабар дод, ки дар кадом минтақаҳои ҷумҳурӣ барф дар куҷо борон ва томеғ мефарояд.
Ба иттилои Ожонс, рӯзҳои 15-16 феврал дар бархе навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон яхбандию тармафароӣ рух медиҳад.
Аз ҷумла ар шоҳроҳҳои Душанбе - Чаноқ, Душанбе - Лахш, Душанбе - Рашт, Душанбе - Сангвор, Ванҷ - Хоруғ, Хоруғ - Ишкошим - Мурғоб, Хоруғ - Ҷелондӣ зуҳуроти яхбандӣ ва фаромадани тарма боқӣ мемонад, овардаст "Ховар" аз қавли Ожонс.
Таъкид шудаст, ки дар бархе навоҳии Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон барф меборад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби ВМКБ шабона 7-12 дараҷа хунук, рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 16-21 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 21-26 дараҷа ва рӯзона 4-9 дараҷа сардӣ пешбинӣ гардидааст.
Первый снег в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2022
Чанд фоизи пешгӯии ҳавошиносони тоҷик дар соли 2021 дуруст буд?
Шабона ва саҳаргоҳон дар водиҳои Суғд бориши борон ва барфи тар борида, рӯзона ҳавои тағйирёбанда ва тормеғ дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 3+8 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.
Дар водиҳои вилояти Хатлон борони суст меборад. Дар доманакӯҳҳо резиши барфу борони шадид пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа гарм, рӯзона 10-15 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад.
Вақти шабу саҳаргоҳон дар водиҳои навоҳии тобеи ҷумҳурӣ бориши борон ва барфи тар ба амал омада, дар ноҳияҳои кӯҳӣ барф дар назар аст, ки дар минтақаҳои алоҳида шадид хоҳад буд. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 7-12 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7 дараҷа хунук, то рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок, шабона ва саҳаргоҳон бориши борон ва барфи тар пешгӯӣ шуда, рӯзона асосан бебориш хоҳад буд. Ҳаво шабона 0-2 дараҷа гарм, рӯзона 10-12 дараҷа гарм мешавад, таъкид намудаанд ҳавошиносон.
Лентаи хабарҳо
0