Ҷавоне, ки ба Абдуқодир Талбаков таҳдиди куштор кард, боздошт шуд

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкРуки в наручниках
Руки в наручниках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.02.2022
Обуна шудан
Ҳоло санҷиш дар ҷиҳати муайян намудани доираву алоқа ва даст доштани дастгиршуда бо дигар ҷиноятҳо идома дорад
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Ҷавоне, ки Абдуқодир Талбаков, рӯзноманигор ва мудири Китобхонаи шаҳрии ба номи Лоҳутиро таҳдид ба куштан кард, боздошт шуд.
Абдуқодир Талбаков асри 14 феврал дар саҳифааш дар "Facebook" навишт, ки ҷавоне дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе ба вай ҳамла ва ӯро таҳдид ба куштан кардааст.
Ӯ аксҳои ҷавонро, ки аз пушт сабт шуда буд, нашр карда, аз мақомот хостааст, ки боздошташ кунанд.
Раёсати Вазорати корҳои дохила дар пойтахт мегӯяд, бо ирсоли кормандони ботаҷрибаи милитсияи шаҳри Душанбе ҷавон дар пайи муроҷиати шаҳварнд пас аз як соат боздошт шуд.
Боздошти ҷавононе, ки дар таҳқири духтарони наврас дар Душанбе айбдор мешаванд
Ин ниҳод мегӯяд, боздоштшуда Исмоилов Туғён Фарруховичи 25-сола, истиқоматкунандаи ноҳияи Фархор, ҷамоати деҳоти Ғайрат, деҳаи Деҳқонобод буда, муваққатан дар ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе истиқомат мекардааст.
Бо назардошти ҳолати мазкур нисбати дастгиршуда Исмоилов Туғён Фаррухович, тибқи талаботи моддаи 460, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ, парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, ӯ бо қарори суд ба муддати 15 шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифта шудааст.
Айни ҳол санҷиш ҷиҳати муайян намудани доираву алоқа ва даст доштани дастгиршуда Исмоилов Туғён дар дигар ҷиноятҳо идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0