Бо ҳисоби калон: мунтахаби футзали Тоҷикистон аз Афғонистон ҳам шикаст хӯрд

© ФФТМолодежная сборная Таджикистана по футзалу
Молодежная сборная Таджикистана по футзалу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.02.2022
Обуна шудан
Мунтахаби Тоҷикистон бозии навбатияшро дар доираи Қаҳрамонии футзали Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) бо бохт анҷом дод
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Дастаи мунтахаби футзали ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон яз яккачини Афғонистон бо ҳисоби калон шикаст хӯрд.
Рақобатҳои миллипӯшони Тоҷикистону Афғонистон имрӯз 15 феврал баргузор гашта, бо ҳисоби 1:5 хотима ёфт.
Ягона голи ҷониби Тоҷикистонро дар ин дидор Саидисроил Саидов аз ҷаримагоҳ вориди дарвозаи ҳариф сохт.
Тоҷикистон дар ду бозии гузаштааш низ аз дастаҳои Ӯзбекистон ва Эрон шикаст хӯрд.
Мунтахаби футзали кишвар ҳамакнун як бозии дигар дорад, ки дар он рӯзи 19 феврал бо яккачини Қирғизистон вориди майдон хоҳад шуд.
Бозиҳои бонувони футболбоз миёни Тоҷикистон ва Эрон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2022
Чаро духтарони тоҷик дар футболу футзал пайваста шикаст мехӯранд?
Чемпионати футзали то 19-солаи Осиё (CAFA) дар Қирғизистон баргузор мешавад.
Дар ин мусобиқа дастаҳои Эрон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ва Афғонистон ширкат мекунанд.
Бояд гуфт, чемпионати футзали ҷавонони CAFA-2022 дар Бишкек аз рӯи системаи даврӣ дар як давр баргузор мешавад, ки дар он ҳар як даста чаҳор бозӣ анҷом медиҳад.
Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари холҳо муайян карда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0