Навори лаҳзаҳои ҷолиб ва голборони тими Тоҷикистон аз сӯйи дастаи Афғонистон - видео

Обуна шудан
Навори беҳтарин лаҳзаҳои бозии тимҳои миллии то 19-солаи Тоҷикистону Афғонистон нашр шуд
Мунтахаби милии то 19-солаҳои Тоҷикистон дар риштаи футзал аз дастаи Афғонистон бо ҳисоби бузург шикаст хӯрд. Ин сабқат дар доираи Қаҳрамонии футзали Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ - CAFA дар шаҳри Бишкек баргузор шуд.
Футзалбозони тоҷик дар ин мусобиқа тавонистанд танҳо бо 1 гол ба 5 голи тими Афғонистон ҷавоб гӯянд. Ягона голи дастаи Тоҷикистонро Саидисроил Саидов вориди дарвозаи ҳариф сохт.
Тоҷикистон дар ду бозии қаблӣ низ аз дастаҳои Ӯзбекистон ва Эрон шикаст хӯрд.
Бозии охири дастаи Тоҷикистон бо тими кишвари мизбон - Қирғизистон рӯзи 19-уми феврал дар назар аст.
Қаҳрамонии футзали ҷавонони CAFA-2022 дар Бишкек аз рӯи системаи даврӣ дар як давр баргузор мешавад, ки дар он ҳар як даста чаҳор бозӣ анҷом медиҳад. Қаҳрамон аз рӯи холҳои гирифтааш маълум мешавад.
Лентаи хабарҳо
0