Писари раисҷумҳури Туркманистон ба унвони номзад ба интихоботи президентӣ пешбарӣ шуд

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкПредседатель комитета по законодательству и его нормам Туркменистана Сердар Бердымухамедов
Председатель комитета по законодательству и его нормам Туркменистана Сердар Бердымухамедов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.02.2022
Обуна шудан
Дар Туркманистон марҳалаи аввали интихоботи пеш аз муҳлати раёсатҷумҳурӣ оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Сардор Бердимуҳаммадов, муовини нахуствазир, писари Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури феълии Туркманистон номзад ба мақоми раёсатҷумҳурии ин кишвар шуд.
Ин хабар дар саҳифаи "Instagram"-и портали хабарии Туркманистон "@salamnews_rus" нашр шудааст.
Номзадии Бердимуҳаммадови хурдиро анҷумани нуҳуми ғайринавбатии Ҳизби демократии Туркманистон тасдиқ кард. Таърихи баргузории интихоботи президентӣ 12 марти соли 2022 таъйин шудааст.

"Тибқи рӯзномаи конгресс, Сардор Қурбонгулевич Бердимуҳаммадов, муовини раиси Девони Вазирони Туркманистон ба мақоми раисҷумҳури Туркманистон пешбарӣ шудааст", - омадааст дар хабар.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ширкаткунандагони конгресс суханронии Бердимуҳаммадовро шунида, аз номзадии ӯ ба курсии раёсатҷумҳурии Туркманистон пуштибонӣ кардаанд.
Тибқи қарори Комиссияи марказии интихоботи Туркманистон, рӯзи 14 феврал марҳалаи аввали маъракаи интихоботӣ барои баргузории интихоботи пеш аз муҳлати раёсатиҷумҳурӣ дар ин кишвар – пешбарии номзадҳо оғоз шуд.
Улица Ататюрка, Туркменский государственный институт культуры и проспект 10-летия Процветания (слева направо) в Ашхабаде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.02.2022
Дар Туркманистон интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ баргузор мешавад
Шаҳрванди на камтар аз 40-сола, ки дар ин кишвар таваллуд шудааст, метавонад президенти Туркманистон шавад. Вай бояд забони давлатиро донад, инчунин дар давоми 15 соли ахир дар Ватани худ ба таври доимӣ иқомат ва кор карда бошад.
Президент аз ҷониби мардуми ин кишвар ба муҳлати 7 сол интихоб мешавад.
Тибқи Кодекси интихоботи Туркманистон, ҳуқуқи пешбарии номзадҳо ҳизбҳои сиёсии сабти номшуда, инчунин гурӯҳҳое аз шаҳрвандон доранд.
Ҳизбҳои сиёсӣ номзадҳоро дар анҷуманҳои худ пешбарӣ мекунанд. Дар Туркманистон 3 ҳизби сиёсӣ – Ҳизби демократии Туркманистон, Ҳизби аграрии Туркманистон ва Ҳизби саноатчиён ва соҳибкорони Туркманистон фаъолият мекунанд.
Ҳизби демократии Туркманистон аз аҳзоби пешкисвати ин кишвар аст. Он соли 1991 таъсис ёфтааст.

Муҳандис ва дипломат: ҳолномаи Бердимуҳаммадови хурдӣ

Сердар Бердимуҳаммадов соли 1981 таваллуд шудааст. Донишкадаи кишоварзии Туркманистон ба номи С.А.Ниёзовро бо ихтисоси муҳандис-технолог хатм кардааст.
Солҳои 2008-2011 дар Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Русия таҳсил карда, мутахассиси равобити байналмилалӣ шуд.
Солҳои 2011-2013 ҳамчунин дар Женева, дар Маркази сиёсати амниятӣ таҳсил карда, мутахассиси амнияти Аврупо ва байналмилалӣ гардид.
Президент Туркменистана Гурбангулы Бердымухамедов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.02.2022
Бердимуҳаммадов аз додани қудрат ба ҷавонон гуфт: "Дар бораи худ тасмими душвор гирифтам"
Моҳи марти соли 2018 Сардор Бердимуҳаммадов муовини вазири корҳои хориҷии Туркманистон таъйин шуд. Сипас дубора вакили парлумони Туркманистон интихоб шуд.
Моҳи январи соли 2019 ӯ аз мақоми муовини вазири корҳои хориҷии Туркманистон озод ва муовини раиси ҳукумати вилояти Аҳал таъйин гашт. Июни соли 2019 аз вазифаи муовини раиси вилоят озод ва ба унвони раиси ин вилоят мунтасаб шуд.
Номбурда аз моҳи феврали соли 2020 дар вазифаи вазири саноат ва истеҳсоли сохтмони Туркманистон кор мекард. Аз феврали соли 2021 дар вазифаи муовини сарвазир кор мекунад.
Сардор Бердимуҳаммадов ҳамчунин раҳбарии Ассотсиатсияи байналмилалии асппарварии Ахалтекӣ ва Ассотсиатсияи байналмилалии "Алабайи туркман"-ро бар уҳда дорад.
Лентаи хабарҳо
0