Раиси суди Суғд гуфт, чанд қирғизистониро барои убури ғайриқонунии сарҳад ҷазо доданд

© Sputnik / Андрей Старостин / Гузариш ба медиабонкСудебный молоток, архивное фото
Судебный молоток, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.02.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Додгоҳи вилояти Суғд тайи як соли гузашта парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи 39 нафар қирғизистониро барои убури ғайриқонунии марз баррасӣ кардаанд
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Бахтиёр Оқилзода, раиси суди вилояти Суғд, гуфт дар феҳрасти марзшиканон асосан шаҳрвандони Қирғизистонанд.
Оқилзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, соли гузашта дар пайи баррасии 27 парвандаи ҷиноӣ, нисбати 39 нафар барои убури ғайриқонунии марзи Тоҷикистон ҳукм бароварда шуд. Тафсилоти ҷазои маҳкумшудагон ироа нагардид.
Ин дар ҳолест, ки додгоҳҳои Суғд дар нимсолаи аввали соли 2021 парвандаҳои убури ғайриқонунии марз нисбати 19 шаҳрванди Қирғизистонро баррасӣ карда, як нафарро аз озодӣ маҳрум намуданду нисбати дигарон ҷазои ҷарима татбиқ карданд.
Сотрудник пограничной службы КР на границе с Таджикистаном. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.02.2022
Қирғизистон шаҳрванди 28-солаи Тоҷикистонро боздошт кард
Ба гуфтаи Оқилзода парвандаҳо алайҳи шаҳрвандони Қирғизистон асосан тибқи моддаи 335-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои ғайриқонунӣ гузаштан аз сарҳади давлатии ҷумҳурӣ баррасӣ карда мешаванд.
Ин моддаи Кодекси ҷиноӣ барои марзшиканӣ ҷарима ба андозаи аз 500 то 1000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё аз 2 то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Агар убури ғайриқонунӣ бо маслиҳати пешакӣ ва ё аз ҷониби гурўҳи муташаккил, ё бо истифодаи зӯрӣ сурат гирад ҷазо аз 5 то 10 соли зиндон хоҳад буд.
Маврид ба зикр аст, ки марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон баъди даргирии мусаллаҳонаи 29 апрел баста шуд. Мақомоти қирғиз мегӯянд, то сарҳад мушаххасу аломатгузорӣ нашаваад, рафтуомад барқарор намегардад.
Дарозии марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон беш аз 970 километр буда, танҳо ҳудуди 520 километри он аломатгузорӣ шудаст. Номуайянӣ дар марз баъзан боиси таниши сокинону низомиён мешавад, ки дар бархе ҳолатҳо хисороти молия талафоти ҷонӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0