Тоҷикистон дар соли 2021 бештар санги қиматбаҳо содир кардааст

© Pixabay / Stevebidmead Слитки золото, архивное фото
Слитки золото, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.02.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Дар Тоҷикистон аз афзоиши содирот хабар доданд, ки бештари онро сангҳои қиматбаҳо ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ, 15 фев - Sputnik. Тоҷикистон дар соли 2021 ба хориҷ ба маблағи 2149,6 миллион доллар молу маҳсулоти ватанӣ содир кардааст.
Дар ин бора Шавкат Бобозода, роҳбари Агентии содироти Тоҷикистон зимни нишасти хабарияш иттилоъ дода гуфт, ки ин нишондиҳанда нисбат ба як соли қабл 52,2 дарсад зиёд мебошад.
Фурӯши сангҳо ва металлҳои қиматбаҳо ва нимқимматбаҳо нисбат ба молҳои анъанавии содиротии Тоҷикистон бартарӣ дорад.
Тибқи омори агентӣ 41,7 фисади содироти Тоҷикистонро дар соли 2021 сангу филизоти қиматбаҳо ташкил додааст.
Дар соли 2020, ки авҷи пандемия буд металҳои қиматбаҳо 55 фисади содироти кишварро ташкил медод, ки маблағи он ба 700 миллион доллар наздик шуда буд.
Мавриди зикр аст, ки Швейтсария аз харидорони асосии сангҳои қиматбаҳои тоҷик ба шумор меравад, ки беш аз 50 фисади содирот ба ин кишвар рост меояд.
Прилавок с фруктами на рынке Мехргон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.01.2022
Афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзии Хатлон ба Афғонистону Ӯзбекистон
Ҳамин тариқ, содироти сангҳо ва металлҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо назар ба содироти маҳсулоти маъданӣ, инчунин нерӯи барқ, семент, алюминий, мис, маъдан ва консентратҳо, нассоҷӣ, аз ҷумла нахи пахта хеле зиёдтар аст.
Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон ҳудуди 380 номгӯи молро содир мекунад.
Ин ниҳод мегӯяд, гардиши савдои Тоҷикистон давоми соли 2021 ба 6 миллиарду 350 миллион доллар расидааст, ки 39,5 фисад аз соли 2020 зиёд будааст.
Лентаи хабарҳо
0