Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Иштибоҳи Жириновский вазъашро шадид кард

© Пресс-служба Государственной Думы РФ / Гузариш ба медиабонкДополнительное пленарное заседание Госдумы РФ
Дополнительное пленарное заседание Госдумы РФ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.02.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Сиёсатмадор метавонист аз ҷараёни шадиди коронавирус канорагирӣ кунад, вале бо сабаби иштибоҳот ҳама чиз печида шуд
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Раиси собиқи "Роспотребнадзор" Геннадий Онишенко дар суҳбат бо KP.RU шарҳ дод, ки чаро ҷараёни бемории раҳбари Ҳизби либерал-демократии Русия Владимир Жириновский шадид шуд. Ба гуфтаи ӯ, нагирифтани табобати саривақтӣ ӯро ба ин натиҷа овардааст.
Онишенко қайд кард, ки сиёсатмадор аз зуд бистарӣ шудан худдорӣ кард ва ҳоло дар ҳолати хуб қарор надорад.
Раҳбари собиқи "Роспотребнадзор" бовар дорад, ки Жириновский метавонист аз мушкилиҳо канорагирӣ кунад, агар ӯ дар оғози бемории коронавирус фавран ба беморхона мерафт.
Онишенко таъкид кард, ки Жириновский дар бораи риояи чораҳои зидди COVID ҷиддӣ буд, дар маҷлисҳо дастпӯшак ва ниқоб мепӯшид ва инчунин кӯшиш кард, дар толорҳое, ки ҳамоишҳо баргузор мешуданд, то ҳадди имкон камтар бимонанд.
Вручение временных удостоверений избранным депутатам VIII созыва Госдумы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.02.2022
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Дар ҳолати вазнин: ташхиси ноумедкунандаи Жириновский маълум шуд
Ёдовар мешавем, бар асари гирифторӣ ба коронавирус Жириновскийро рӯзи 2 феврал ба яке аз бемористонҳои шаҳри Маскав интиқол доданд.
Ҳатто он вақт дар расонаҳо иттилое нашр шуд, ки гуфта мешуд, ин сиёсатмадор дар ҳолати вазнин бинобар гирифторӣ ба илтиҳоби шадиди шуш қарор дорад.
Зимнан канали "Telegram 112" хабар нашр кард, ки Жириновский ба дастгоҳи ИВЛ пайваст шудааст.
Феълан сиёсатмадор зери назорати қатъии табибион қарор дорад ва маълум нест, ки ӯ кай аз бемористон мураххас мешавад.
Табибон мегӯянд, дар ин бора ҳарф задан ҳоло хеле барвақт аст.
Лентаи хабарҳо
0