Ҳушдори обуҳавошиносон аз яхбандиву фаромадани тарма дар шоҳроҳҳои кишвар

© Sputnik / Амир ИсаевДорога Душанбе - Худжанд, архивное фото
Дорога Душанбе - Худжанд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2022
Обуна шудан
Обуҳовошиносон иддао доранд, ки дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ, инчунин дар шоҳроҳҳои кишвар зуҳуроти яхбандӣ ва хавфи фаромадани тарма боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 16фев — Sputnik. Маркази обуҳавошиносиии Тоҷикистон хабар додааст, ки санаи 16 феврал дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори кӯҳистони Бадахшон, инчунин дар шоҳроҳҳои Душанбе-Чаноқ, Душанбе – Лахш, Душанбе – Рашт, Душанбе – Сангвор, Ванҷ - Хоруғ, Хоруғ - Ишкошим - Мурғоб, Хоруғ — Ҷелондӣ зуҳуроти яхбандӣ ва хавфи фаромадани тарма боқӣ мемонад.
Тибқи иттилои манбаъ, дар Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10-15 дараҷа хунук, рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят бошад шабона 20-25 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 28-33 дараҷа хунук, рӯзона 5-10 дараҷа хунук мешавад.
Дар ҳамин ҳол, дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона то5 дараҷа сард мешавад. Рӯзона ҳаво то 9 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона бошад аз 7 то 12 дараҷа хунук, рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.
Дорожная техника расчищает автомобильную дорогу от лавины, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.02.2022
КҲФ: Дар роҳҳои ВМКБ панҷ тарма тоза шуданд, вале хатар ҳамоно боқист
Ҳавои вилояти Хатлон тағйирёбанда шуда асосан бебориш мемонад, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона то 6 дараҷа гарм, рӯзона аз 11 то 16 дараҷа гарм мешавад, дар доманакӯҳҳо шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона то 7 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона аз 9 то 14 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 8 дараҷа хунук, то рӯзона аз 1 то 6 дараҷа гарм мешавад.
Дар ҳамин ҳол, дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.
Ба иттилои манбаъ дар шаҳр имконияти фаромадани тормеғ (туман) вуҷуд дорад. Ҳавои пойтахт шабона то 2 дараҷа хунук, рӯзона аз 11 то 13 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0