Интиқоли маблағ осон шуд: “Амонатбонк” ба замимаи мобилии “Сбербанк-онлайн" пайваст гардид

Банкоматы  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Роҳбарияти “Амонатбонк” эълон кардааст, ки барои содагардонии интиқоли маблағҳо Бонки давлатии амонатгузорӣ ба замимаи мобилии “Сбербанк-онлайн” пайваст шудааст
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Сироҷиддин Икромӣ, раиси БДА ҶТ “Амонатбонк”, ахиран эълон кардааст, ки бо мақсади дастрасии осон ва фаврии интиқоли маблағҳо “Амонатбонк” ба замимаи мобилии “Сбербанк-онлайн” пайваст гардид.
“Ин имкон медиҳад, ки истифодабарандагони барнома тавассути корти миллии “Амонатбонк” маблағ интиқол диҳанд”, - гуфт ӯ.
Вай ҳамчунин қайд кард, ки “Амонатбонк” бо мақсади баланд бардоштани сифати хидматрасониҳои бонкӣ, зиёд намудани ҳаҷми пардохтҳои ғайринақдӣ, танзими муомилоти нақдӣ ва дар ин замина устувор нигоҳ доштани қурби пули миллӣ, дар маҷмуъ бо 7916 ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ ҷиҳати гузаштан ба лоиҳаи “Музди меҳнат” тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ ҳамкориро ба роҳ мондааст, ки нисбат ба соли пеш 148 адад зиёд мебошад. Шумораи дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ ба 1 миллиону 463 ҳазор нафар расидааст.
Банковские карты международных платежных систем VISA и MasterCard - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.02.2022
"Амонатбонк" гуфт, интиқоли пул ба Тоҷикистон афзудааст
Ба гуфтаи Сироҷиддин Икромӣ, “Амонатбонк” аз рӯйи фаъолияти худ 110 миллион сомонӣ андозу пардохтҳои ҳатмиро ба буҷети давлатӣ пардохт намудааст, ки нисбат ба соли 2020 13,7 миллион сомонӣ ва ё 14,2 фоиз зиёд мебошад.
Дар раванди саҳмгузорӣ дар татбиқи сиёсати иқтисоди рақамӣ ва боз ҳам рушд додани хидматрасониҳои ғайринақдӣ бонк 667 нуқтаи қабули маблағҳои коммуналӣ ва 358 нуқтаи қабули маблағҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмиро роҳандозӣ, 631 адад постерминалҳоро дар нуқтаҳои савдо ва хидматрасонӣ насб намудааст.
Ин бонк дар соли рафта аз ҳисоби ҷалби сармояи мустақим, аз ҷумла 43 миллион доллари бонкҳои Ӯзбекистон ва 5 миллион доллари ҶС Ширкати суғуртаи содиротии “KAZAKHEXPORT”-и Қазоқистон ба 27 ширкати ватанӣ дар ҳаҷми 16,1 миллион доллар барои ворид намудани молу маҳсулот қарзи бонкӣ пешниҳод кард.
Лентаи хабарҳо
0