Ҷабборов барои як рӯз ронандаи автобус шуд

© Пресс-служба МИД РФ / Гузариш ба медиабонкЗаседание Совета коллективной безопасности ОДКБ
Заседание Совета коллективной безопасности ОДКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Қирғизистон барои як рӯз ҳамчун ронанда сари чанбари фармони автобус нишаст
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Қирғизистон қасд дорад, 10 адад автобуси истеҳсоли ватанӣ харидорӣ кунад. Барои аз санҷиш гузарондани автобусҳо раисҷумҳури ин кишвар Содир Ҷабборов худ сари чанбари фармони яке аз ин васоили нақлиёт нишаст. Навори идора кардани автобус аз ҷониби Ҷабборовро Sputnik Қирғизистон нашр кард.
Манбаъ меафзояд, харидорӣ намудани ин миқдор воситаи нақлиёт ба хотири дастгирӣ намудани истеҳсолоти маҳаллӣ равона гардидааст.
Феълан тамоми прототип барои интиқол ба хориҷа дар ҷиҳати озмоишҳои лабораторӣ ва саҳроӣ омода карда мешавад.
Ҷабборов қасд дорад, табибони муҳоҷирро баргардонад: Тоҷикистон чӣ?
Пас аз анҷоми натиҷаи муваффақи озмоиш интизор меравад, дар миқёси саноатӣ барои бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ истеҳсолот оғоз гардад.
Гуфта мешавад, автобусҳо дар заводи Чуй бандубаст мегарданд. Қисмҳои ҷузъӣ барои онҳо аз Русия, Нидерландия, Олмон ва Шветсия оварда шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0