Мақомоти Суғд гуфтанд, ки чанд мактаб дар ҳолати садамавӣ қарор дорад

© Sputnik Средняя школа № 71 джамоата Овчи Калача в Бободжон-Гафуровском районе Таджикситана после обстрела
Средняя школа № 71 джамоата Овчи Калача в Бободжон-Гафуровском районе Таджикситана после обстрела - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2022
Обуна шудан
Мақомоти вилояти Суғд аз 34 бинои муассисаи таълимӣ, ки дар ҳолати садамавӣ қарор доранд, хабар доданд
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Раёсати Вазорати маорифи вилояти Суғд зимни нишасти матбуотӣ хабар додааст, ки дар қаламрави ин вилоят 46 бинои муассисаҳои таълимӣ дар ҳолати садамавӣ қарор доштаанд, ки аз 12-тоашон навсозӣ шудаанд.
“Аз 46 бинои муассисаҳои садамавӣ ба қайд гирифташуда айни замон бинои 12 муассисаи таълимии садамавӣ (ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – МТМУ №№ 6,53), (ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ - №19), (шаҳри Исфара - МТМУ №23), (шаҳри Конибодом – МТМУ №38), (шаҳри Панҷакент - МТМУ №18), (ноҳияи Спитамен - МТМУ №12) ва (ноҳияи Шаҳристон – МТМУ №19), барқарор гардидааст”, - иттилоъ додааст манбаъ.
Ҳамзамон Раёсати маорифи вилоят қайд кардааст, ки дар 16 бинои таълимии садамавӣ корҳои азнавсозӣ идома доранд.

“Дар баъзе аз 228 бинои муассисаҳои таъмирталаби ба қайд гирифташуда айни ҳол таъмир идома дорад”,- гуфтааст манбаъ.

Ба иттилои ин ниҳоди давлатӣ, дар умум дар соли 2021 дар вилоят 53 иншооти соҳаи маориф бо 10 ҳазору 730 ҷойи нишаст, аз он ҷумла 330 синфхонаи иловагӣ дар назди 39 муассисаҳои таълимӣ бо 9 ҳазор 070 ҷойи нишаст, 8 муассисаи томактабӣ бо 1660 ҷойи нишаст ба истифода дода шудаанд.
Новая школа в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2022
Беш аз ду ҳазор омӯзгори Суғд ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанд
Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои ин манбаъ, дар вилоят 944 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 2 муасссаи тасилоти ибтидоӣ, 39 муассисаи таҳсилоти асосӣ, 831 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 33 гимназия, 25 литсей, 1 мактаби президентӣ, 2 мактаб барои хонандагони лаёқатанд, 3 мактаб-кӯдакистон, 1 интернати санаторӣ, 4 мактаб-интернати махсус, 3 интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор фаъолият дошта, дар онҳо 579 ҳазору 504 нафар, аз ҷумла 283 ҳазору 544 нафар духтар бо таълиму тарбия фаро гирифта шудааст, ки нисбат ба соли таҳсили 2020-2021 6 муассисаи таълимӣ ва шумораи хонандагон 14 ҳазору 273 нафар зиёд мебошад.
Лентаи хабарҳо
0