Рақиби писари Бердимуҳаммадов дар интихоботи президентӣ маълум шуд

Сердар Бердымухаммедов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2022
Обуна шудан
Феълан ду номзади мақоми президентӣ дар Туркманистон сабт шудаанд, ки якеаш писари раисҷумҳури феълӣ мебошад
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Дар Туркманистон номзади дуюм дар интихоботи президентӣ, ки камтар аз як моҳ баъд баргузор мешавад, сабти ном гардид.
Ба иттилои хабаргузории давлатии Туркманистон, ноиби ҳокими вилояти Марв, Оқоҷон Бекмуродов ба ҳайси номзад дар интихоботи президентӣ ба қайд гирифта шуд.
Номзадии Бекмуродов аз Ҳизби аграрӣ пешниҳод гардидааст. Ӯ соли 1995 Донишкадаи давлатии меъморию сохтмони Туркманистонро хатм карда, дар ниҳодҳои давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷавонон ва иттифоқҳои касаба фаъолият доштааст. Дар вазифаи феълӣ аз соли 2017-ум кор мекунад.
Маврид ба зикр аст, ки нахустин довталаби мақоми президентӣ дар Туркманистон, писари раисҷумҳури феълӣ - Сардор Бердимуҳаммадови 40-сола сабт гардид.
Президент Туркменистана Гурбангулы Бердымухамедов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.02.2022
Бердимуҳаммадов аз додани қудрат ба ҷавонон гуфт: "Дар бораи худ тасмими душвор гирифтам"
Интихоботи пеш аз муҳлат дар Туркманистон 12 марти соли 2022 таъйин шудааст.
Номзадии Бердимуҳаммадови хурдиро анҷумани нуҳуми ғайринавбатии Ҳизби демократии Туркманистон тасдиқ кард.
Бар асоси қонунгузории Туркманистон, шаҳрвандони аз 40-сола боло, забони давлатиро медонаду давоми 15 соли ахир дар ватан иқомат кардааст, метавонад президент шавад.
Ҳуқуқи пешбарии номзадҳоро ҳизбҳои сиёсии расмӣ ва инчунин гурӯҳҳое аз шаҳрвандон доранд. Дар Туркманистон 3 ҳизби сиёсӣ – Ҳизби демократӣ, Ҳизби аграрӣ ва Ҳизби саноатчиёну соҳибкорон фаъолият доранд.
Лентаи хабарҳо
0