Кумитаи тафтишотии Русия: Ҷиноёти муҳоҷирон дар ҳоли вахим шудан аст

© Sputnik / Табылды Кадырбеков / Гузаштан ба хазинаи аксНаручники висят на дверной ручки.
Наручники висят на дверной ручки. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Кормандони интизомии Русия беш аз пеш далелҳои дағалонаи вайрон кардани тартиботи ҷамъиятиро дар байни муҳоҷирон сабт мекунанд
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Ҷиноятҳои содиркардаи муҳоҷирон боиси ташаннуҷи вазъ дар ҷомеа мегардад.
Дар ин бора дафтари матбуотии Кумитаи тафтишоти Русия хабар додааст. Раёсат қайд карда, ки вақтҳои охир мавзуи ҷиноятҳои муҳоҷирон вахим шудааст.
"Ин на танҳо ба пойтахт, балки ба шаҳрҳои дигар низ дахл дорад", - шарҳ дод Кумитаи тафтишоти Федератсияи Русия.
Миёни муҳоҷирон ҳодисаҳои дағалона вайрон кардани тартиботи чамъиятӣ бештар ба мушоҳида мерасад. Хориҷиён дар задухӯрдҳои оммавӣ, ҳамла ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ ширкат мекунанд, афзуд хадамоти матбуотӣ.
Министр труда, миграции и занятости населения Таджикистана Ширин Амонзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.02.2022
Афви беш аз 120 ҳазор муҳоҷири тоҷик ва шарҳи вазир дар ин хусус
Кумитаи тафтишотии Федератсияи Русия барои ошкор кардан ва тафтиши ҷиноятҳои содиркардаи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, инчунин дар соҳаи муҳоҷират кори мунтазам ташкил кардааст.
Ҷиноятҳои пурсарусадоеро, ки зодагони Тоҷикистон дар Истраи вилояти Маскав содир кардаанд, ёдовар мешавем.
Шоми 8 феврал чаҳор муҳоҷир ба як мағоза дар рустои Новопетровск ворид шуда, фурӯшандаро латукӯб карданд.
Ҷабрдида бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид. Ғоратгарон дар давоми чанд соат дар деҳаи Чесноково, дар ҳудуди ноҳияи Истра дастгир ва ҳувияти онҳо муайян карда шуд.
Қаблан додситони Маскав Денис Попов пешниҳод карда буд, ки алайҳи ҷинояти муҳоҷирони корӣ тавассути сабти геномӣ дар сатҳи қонунгузорӣ мубориза барад.
Вай иддао дорад, муҳоҷироне, ки қонуншиканӣ кардаанд, ба навъе пас аз ихроҷ ба Русия бармегарданд. Онҳо бо шиносномаҳои нав меоянд, ки онҳоро пайгирӣ кардан мумкин нест.
Ба андешаи ӯ, танҳо сабти номи геномии ҳамаи муҳоҷирони кории воридшуда метавонад ин вазъро тағйир диҳад.
Лентаи хабарҳо
0