Ҳуснуллин шарти ба сохтмонҳо ҷалб намудани муҳоҷиронро гуфт

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкРабочий на строительной площадке
Рабочий на строительной площадке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2022
Обуна шудан
Русия метавонад раванди ҷалби бинокорони муҳоҷирро таҳти назорати қатъӣ бигирад
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Дар Русия пешниҳод кардаанд, ки муҳоҷирон барои кор дар сохтмонҳо бо шартҳои вижа ҷалб карда шаванд.
Ҳамин тариқ Марат Хуснуллин, муовини нахуствазири Русия хостори истифодаи бинокорони хориҷӣ дар сохтмонҳои Русия бо назардошти таҳияи қонунгузории сахт дар ин замина шудааст.
Дар ин бора ӯ дар нишасти вижаи ҳукумат изҳори назар кард.

"Ман дар бораи назорати қатъии муҳоҷирати муташаккили мутамаддин сухан меронам. Биёед, қонунгузории сахтро қабул кунем, ки чӣ гуна метавонем худро аз паҳлӯҳои манфии марбут ба муҳоҷирон ҳифз кунем", - гуфт мансабдор.

Ба гуфтаи ӯ, ин мавзуи ҷиддӣ ва хеле гуногунҷанба аст.
Вай тавзеҳ дод, ки дар воқеияти Русия муҳоҷирон маъмулан назар ба русҳо 50% бештар кор мекарданд ва ҳамзамон 30% камтар маош мегиранд.
"Биёед, фикр кунем, ки бидуни муҳоҷирон кор мекунем, аммо баъд андеша намоем, ки бидуни онҳо чӣ гуна аз уҳдаи кор мебароем", - хулоса кард ӯ.
Наручники висят на дверной ручки. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2022
Кумитаи тафтишотии Русия: Ҷиноёти муҳоҷирон дар ҳоли вахим шудан аст
Ба гуфтаи Ҳуснуллин, даст кашидан аз муҳоҷирати меҳнатӣ афзоиши назарраси маоши бинокорон ва сармоягузориҳои молиявии системавиро тақозо мекунад. Дар ҳамин ҳол ӯ муътақид аст, ки даст кашидан аз нерӯи кории арзон ба қимати коло ва хидматрасонӣ барои истеъмолкунандагон асар хоҳад гузошт.
Қаблан Ҳуснуллин норасоии муҳоҷирон дар Русияро яке аз сабабҳои аслии боло рафтани қимати манзил дар ин кишвар арзёбӣ карда буд.
Ба гуфтаи ӯ, дар болоравии қимати манзил камбуди нерӯи кории арзон дар бозори сохтмон асар дорад. Бояд гуфт, ки дар Русия ҳанӯз ҳам дар соҳаи сохтмон норасоии кадрҳо вуҷуд дорад.
Намояндаи Думаи давлатӣ даст кашидан аз хидмати муҳоҷиронро ғайриимкон хонд
Норасоии муҳоҷирон ба далели баста шудани марзҳо ва кӯтоҳӣ дар ҷалби коргарони хориҷӣ ба вуҷуд омада буд.
Вазорати сохтмони Русия ин норасоиро аз 1,2 то 5 миллион нафар ҳисоб кардааст.
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба ҳукумат дастур дод, ки то 1 март масъалаи ҷалби соддаи муҳоҷирони корӣ ба сохтмонҳоро баррасӣ кунанд.
Лентаи хабарҳо
0