Сӯхтори навбатӣ дар Хуҷанд: меҳмонхонаи "Парламент" сӯхт - видео

© PixabayПожар в городе
Пожар в городе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар яке аз меҳмонхонаҳои шаҳри Хуҷанд тарабхона оташ гирифт. Ҳоло сабаби оташсӯзӣ дақиқ нашудааст
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Дар Хуҷанд боз сӯхтор сар зад. Ин навбат оташсӯзӣ бинои яке аз меҳмонхонаҳои ин шаҳрро фаро гирифт.
Гуфта мешавад, қаҳвахонаи меҳмонхонаи "Парламент" оташ гирифтааст, аммо он тақрибан дарҳол хомӯш карда шудааст.
Ин ҳодисаро аз идораи сӯхторнишонии вилояти Суғд ба Sputnik Тоҷикистон тасдиқ намуда гуфтанд, ки алангаи оташ дарҳол хомӯш карда шудааст.
Манобеъ аз идораи сӯхторнишонӣ қайд намуданд, майдони сӯхтор дар 8-10 метри бинои “Парламент” доман паҳн намудааст.

"Сӯхтор соати 15: 50 рух дода, ба ҷойи ҳодиса ду адад мошини обпош сафарбар шудааст. Бино ба иттилои то ин дам расида, сӯхтор аз ҳисоби таҷҳизоти тақвияти садои сарояндагии тарабхонаи “Парламент” рух додааст”, - гуфт манбаъ.

Феълан як гурӯҳи махсус иборат аз кормандони тартиботи ҷамъиятӣ ва сӯхторнишонҳо ташкил шуда, ҳаҷми зарари аз сӯхтор расидаро таҳқиқ мекунанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар ин ҳодиса талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Пожар в ресторане Яккасарой - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.01.2022
ВКД сабаби сӯхтор дар "Яккасарой"-ро гуфт, ҳафт миллион аз сӯхтор эмин монд
Моҳи январ дар шаҳри Душанбе, дар яке аз калонтарин тарабхонаҳо - "Яккасарой" сӯхтор сар зад.
ВУД бо нашри як хабар омили асосии сар задани сӯхтор дар тарабхонаи "Яккасарой"-ро тавзеҳ дод. Бинобар хабари манбаъ, беназорат гузоштани таҷҳизоти гармидиҳандаи барқӣ (кондитсионер) муҷиби оташсӯзӣ дар ин тарабхона гардидааст.
Лентаи хабарҳо
0