Тоҷикистан ба маблағи 111 миллион доллар кумаки башардӯстона дарёфт кардааст

© Sputnik / Амир ИсаевГумпомощь из Узбекистана
Гумпомощь из Узбекистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2022
Обуна шудан
Ба Тоҷикистон аз ҳама бештар Русия, Чин ва Амрико кумакҳои башардӯстона ирсол намудаанд
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Тоҷикистон дар соли 2021 аз Русия ва 62 кишвари дигар кумаки башардӯстона дарёфт кард.
Дар ин бора маркази матбуотии Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ хабар додааст.
Дар маҷмуъ кишварҳои донор ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 111 миллион доллар коло фиристодаанд. Кумак аз тарафи давлатҳои хориҷи наздику дур расонда шуд.

"Кумаки башардӯстона аз кишварҳои донор дар соли гузашта ба маблағи 111,39 миллион доллар дарёфт шудааст", - омадааст дар иттилоияи хадамоти гумруки ҷумҳурӣ.

Дар маҷмуъ, дар соли 2021 ба ҷумҳурӣ беш аз 29 ҳазор тонна кумаки башардӯстона ворид шудааст. Ҳамин тариқ ба Тоҷикистон ҳамчун кумаки башардӯстона орд, равғани растанӣ, доруворӣ барои муолиҷаи беморони коронавирус, инчунин маҳсулоти хӯрокворӣ ворид гардид.
Бояд гуфт, Тоҷикистон аз ҳама бештар аз Русия, Чин ва Амрико кумак дарёфт мекунад.
Қобили зикр аст, ки Русия барои рушди низоми ғизои мактаб дар Тоҷикистон 11,2 миллион доллар ихтисос додааст. Аз ҷумла 10 миллион доллари изофӣ барои харидории маҳсулоти ғизоии Русия барои мактаббачагон сарф мешавад.
Лентаи хабарҳо
0