Аз Ёвон 86 омӯзгор муҳоҷир шуд: раиси ноҳия изҳори нигаронӣ кард

© AP / Juan KaritaПреподаватель пишет на доске в классе
Преподаватель пишет на доске в классе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2022
Обуна шудан
Ҳоло муассисаҳои таълимии ноҳияи Ёвон ба 18 омӯзгор ниёз доранд
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Аз муассисаҳои таълимии ноҳияи Ёвон давоми як соли гузашта ҳудуди 86 муаллим тарки пеша карда, ба муҳоҷират рафтанд.
Ин нуктаро раиси ноҳияи мазкур Ҷамшед Саидзода зимни нишасти матбуотӣ қайд кард ва аз муҳоҷир шуддани омӯзгорон изҳори нигаронӣ намуд.
Аммо сомонаи Фараж бо такя ба манобеи худ менависад, аз мактабҳои ноҳияи Ёвон дар соли сипаришуда 311 омӯзгор тарки кор намуда, аз ин миён 241 нафар ба Русия муҳоҷир шуданд.
Шоҳин Саидзода, раиси Агентии назорат дар соҳаи маорифи назди раисиҷумҳури Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.02.2022
Саидзода дар бораи тарки касб кардани омӯзгорони тоҷик: Норасоӣ не, ҳаракат гӯед
Дар нишасти мазкур мудири шуъбаи маорифи ноҳия низ ҳузур дошта ва ӯ илова кардааст, ки феълан муассисаҳои таълимии ноҳияи Ёвон ба 18 омӯзгор ниёз доранд.
Зимнан раиси ноҳия иллати асосии ба муҳоҷират рафтани муаллимонро ба кам будани маоши онҳо пайванд додааст.
Ӯ гуфтааст, омодааст, омӯзгоронро ҳамаҷониба дастгирӣ кунад.
Ин дар ҳолест, ки Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон ахиран зимни нишасти хабарӣ аз коҳиши камбуди омӯзгорон дар кишвар гуфт.
"Нарасидани омӯзгорон дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ дар соли таҳсили ҷорӣ беш аз 2,1 ҳазор нафарро ташкил дод, ки нисбат ба як соли қабл 828 нафар камтар аст", - гуфт вазир.
Ба гуфтаи Имомзода, дар соли таҳсили 2021-2022 дар навоҳии тобеи марказ 765, вилояти Суғд 708, вилояти Хатлон 440, Душанбе 194 ва ВМКБ 59 омӯзгор намерасад.
Лентаи хабарҳо
0