Воҳидзода дар бораи мусодираи 229 кило героин дар марз бо Ӯзбекистон: Мустақилона месанҷем

© Sputnik / Амир ИсаевПредседатель Агентства по контролю за наркотиками Хабибулло Вохидзода
Председатель Агентства по контролю за наркотиками Хабибулло Вохидзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.02.2022
Обуна шудан
Тоҷикистон дар робита ба кашфу забти бастаи бузурги маводи муахаддир дар марз бо Ӯзбекистон тафтиши мустақилона анҷом медиҳад
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Оҷонсии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Тоҷикистон қазияи кашфу забти ҳудуди 230 кило героин аз ҷониби кормандони гумруки Ӯзбекистон дар марзро шарҳ дод.
Ҳабибулло Воҳидзода, раиси ин инҳод зимни нишасти хабарияш ба хабарнигорон гуфт, шуъбаи марбут ба ин масъала супориш гирифтааст, ки тамоми маълумоти оперативиро ҷамъоварӣ кунанд, ки ин миқдори зиёди ҳероин ба куҷо ва чӣ гуна фиристода шудааст.

"Ин танҳо оғози тафтишот аст ва аз ин рӯ наметавонем дар бораи ҷараёни парванда иттилоъ диҳем, вале мо бо ин масъала ҷиддӣ сарукор дорем”, - гуфт Ҳабибулло Воҳидзода.

Ёдовар мешавем, ки як рӯз қабл хадамоти гумруки Ӯзбекистон дар гузаргоҳи Фотеҳобод (Ойбек) 229 кило героин аз як мошини боркаш аз самти Тоҷикистон ба Русияро ошкор кард.
Воҳидзода изҳори ҳайрат кард, ки чаро чунин мешавад, ҳарчанд мубориза шадиддан идома дорад.
"Мо бо ҷиноятҳои марбут ба нашъа мубориза мебарем, роҳҳои нав меёбем, вале ҷинояткорон роҳҳои нави қочоқро низ "ихтироъ" мекунанд. Тамоми кӯшишро ба харҷ хоҳем дод, ки афроди дар ин қочоқи маводи мухаддир дастдоштаро ошкор ва боздошт кунем", - гуфт Ҳабибулло Воҳидзода.
Лентаи хабарҳо
0